Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

камбудиҳо доштанашон ифтихори миллати тоҷик ба шумор мераванд.

Роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудаанд. Дарозии роҳҳои автомобилии истифодаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 30 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Соли 1999 барои таъмир ва илова додани сохтмони роҳҳои Тоҷикистон давлат ба тариқи марказонидашуда 3 млрд. рубл ҷудо намуд. Сохтмони роҳҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

• сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб - 162 км (қисми аз ҳама душвори ин роҳ - аз қишлоқи Шоҳон то Зигар, ки дарозии он 6,8 километрро ташкил медиҳад):

• сохтмони роҳи автомобилгарди Мурғоб-ағбаи Кулма (32 км), ки кишвари моро ба шоҳроҳи Қарокуруми Ҷумҳурии Халқии Хитой пайваст мекунад.

Ин ду роҳ қисми ҷудонашавандаи роҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-ағбаи Кулма, ки то шоҳроҳи Қарокуруми Ҷумҳурии Халқии Хитой пайваст мешаванд, мебошанд.

Алоқаи шабонарӯзии нақлиётии марказ бо Мурғоб, ки дарозии роҳи он 900 километрро ташкил менамояд, бо истифода аз роҳи амалкунанда ва сохташавандаи автомобилгард таъмин мегардад.

Имрӯзҳо сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб-Мурғоб-ағбаи Кулма бомуваффақият идома дорад. Дар қисмати роҳи автомобилгард аз Мурғоб то ағбаи Кулма вобаста ба релефи мусоиди истифодаи роҳи амалкунандаи автомобилгарди Мурғоб-Тухтамиш ба назар гирифта шудааст, ки он аз километри 58-уми ин роҳ сар шуда, ба воситаи нуқтаи баландиаш 4362 метр (ағбаи Кулма) гузашта, бо масофаи 15 км ба шоҳроҳи Қарокурум пайваст мешавад.

Дарозии умумии роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-ағбаи Кулма то шоҳроҳи Қарокуруми Ҷумҳурии Халқии Хитой 1020 километрро ташкил медиҳад.

Масофа аз нуқтаи пайвасти роҳ то шаҳри Қарочӣ (Покистон)
2567 км ва аз маркази Тоҷикистон то Қарочӣ — 3591 километрро
ташкил медиҳад, ки он нисбат ба роҳи амалкунандаи Ӯш-Саритош-

пешина
аз 785
навбатӣ