Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷадвали №52
Сатҳи таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо алоқаи телефонӣ дар
давлатҳои Осиёи Марказӣ (адад ба ҳар 1000 нафар)
Давлатҳо Хоҷагии халқ Телефонҳои хонагӣ
аҳолии аҳолии аҳолии аҳолии
шаҳр деҳот шаҳр деҳот
Қазокистон 86 30 69 22
Қирғизистон 155 35 121 22
Тоҷикистон 130 12 97 7
Туркманистон 144 21 100 16
Ӯзбекистон 139 29 108 17
Аз ҷиҳати сатҳи таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо алоқаи телефонӣ Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бо 130 нуқтаи телефонии корхонаҳо ва 97 нуқтаи телефонии аҳолии шаҳрҳо ҷои 4-умро ишғол намояд, пас аз ҷиҳати ин таносуб дар деҳот мавқеи 5-умро ишғол менамояд (Ҷадвали №52). Аммо бо хати телефон таъмин намудани аҳолии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 32 адад ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ дар соли 1995 то ба 27 адад ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ дар соли 2000 паст фаромад.
Мушкилии пурра фаро гирифтани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи телекоммуникатсия, пеш аз ҳама, шароити кӯҳистон, нарасидани қувваи барқ, тез-тез рӯй додани офатҳои табиӣ мебошанд, ки садди роҳи пешрафти соҳаҳои алоқа мегардад. Бунёди зина ба зинаи системаи алоқа вобаста ба пешрафти техникӣ дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ боиси то имрӯз фаъолият намудани се шакли алоқа гардидааст.
Имрӯз аз маҷмӯи усулҳои бароҳмонии алоқаи телефонӣ 5.1% (33190 км) хатҳои сими ҳавой боли симчӯбҳо, 59,8% (393282 км) истифодаи хатҳои кабелии бисёрсима ва 35,1% (230750 км) хатҳои радио ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари офатҳои табиӣ ва ҷангҳои граждании дар ҷумҳурӣ рухдода ба соҳаи алоқа зарари зиёд расонда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор