Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Кӯшиши бештари кормандони Вазорати алоқа солҳои 1991-97 барои нигоҳ доштани объектҳои мавҷуда, барқарор кардани ҷойҳои харобгашта, таъмини фаъолияти мӯътадили дастгоҳҳо ва иншоотҳои соҳа, нигоҳ доштани сатҳи хизматрасонии хоҷагии халқ ва аҳолӣ равона карда шуда буд.
Дар тӯли ин солҳо боз 84.2 км алоқаи кабелӣ, 166.4 км алоқаи хати радио, 47.8 ҳазор рақамҳои телефони шаҳрӣ ва 6 ҳазор рақамҳои телефонӣ дар деҳот ба истифода дода шуданд.
Якҷоя бо корпоратсияи "Д-Телком"-и Кореяи Ҷанубӣ тамоми таҷҳизоти АТС-24 ба 10000 рақамҳои дастгоҳҳои ҳозиразамони рақамӣ дар Душанбе ва 6 ҳазор рақам дар ш. Турсунзода иваз карда шуд.
Соли 1997 дар шаҳри Душанбе стансияи нави алоқаи телефонии байналмилалии дорои 2500 рақам ба истифода дода шуд, ки он ба таври автоматӣ бо даҳҳо давлати дунё алоқаро барқарор менамояд.
Соли 1998 дар соҳаи алоқаи радифӣ пешравӣ ба даст омад. Дар натиҷаи ба имзо расидани қарордод бо ширкати "Дойче-Телком"-и Германия стансияҳои радифии заминии "Орбита" такмил дода шуда, алоқаи мустақими радифии Душанбе-Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Москва-Душанбе, Душанбе-Германия-Душанбе ба роҳ монда шуд. Аввалин маротиба телевизиони миллии радифӣ бунёд гардид. Ҳамчунин каналҳои мустақими телефонӣ бо Туркия ба кор дароварда шуданд.
Бо мақсади ҷорӣ намудани усулҳои нави ғайримаъмулии хизматрасонии алоқа дар заминаи технологияи VSAT соли 1996 дар Вашингтон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналхалқии радифии "Интелсет" созишнома дар бораи дохил шудан ба ин созмон ба имзо расид.
Худи ҳамин сол созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи электрикӣ ва почта бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Созишномаҳои ҳамкорӣ бо вазоратҳои алоқаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Эрон ба имзо расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор