Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба афзоиш дорад. Ҳаҷм ва суръати афзоиши муомилоти савдои хориҷӣ доимо аз ҳаҷм ва суръати афзоиши ҳаракати сармоя, ҳаҷм ва суръати истеҳсолоти саноати ҷаҳонӣ ва шаклҳои дигари робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо назардошти аз як сол ба соли дигар гузаштани як қисми молҳои истеҳсолшуда доимо зиёдтар мебошад. Дар тӯли даҳ соли охири асри XX сарфи назар аз дигаргуниҳои куллии дар сохтори ҷамъиятӣ баамаломада, афзоиши устувор ва стагнатсияи соли 1993, бӯҳрони шадиди иқтисодии давлатҳои Осиё (Япония, Гонконг, Тайван, Таиланд), ворид гардидани асъори ягонаи Иттиҳоди Европа — евро ва дар замина нисбатан маҳдуд шудани доираи муомилоти доллари ШМА ҳаҷми умумии савдои ҷаҳонӣ сол аз сол рӯ ба афзоиш дорад. Аз соли 1994 сар карда суръати афзоиши солонаи савдои ҷаҳонӣ 8-9,5%-ро ташкил намуд, ки чунин нишондиҳандаро дар тӯли 20 соли охир иқтисодиёти ҷаҳон надида буд. Танҳо дар соли 1999 ҳаҷми умумии савдои ҷаҳон нисбат ба соли 1994 якуним баробар афзуд. Суръатгирии муовизаи мол боиси вусъатгирии тақсимоти меҳнат дар ҷаҳон гардид. Дар баробари он дар тӯли панҷ соли охири асри XX дар давлатҳои нави саноатӣ ва рӯ ба инкишоф нигоҳ доштани суръати баланди истеҳсолот ва инқилоб дар соҳаи технологияи иттилоотӣ яке аз омилҳои асосии афзоиши савдои байналхалқӣ гардида буд. Дар ин давра арзиши танҳо таҷҳизоти телекоммуникатсия ва коргузорӣ 25% афзуда, ҳаҷми он дар савдои ҷаҳонӣ зиёда аз 12%-ро ташкил медод. Дар ин давра бо сабаби дар давлатҳои рӯ ба инкишоф дар асоси қисмҳои тайёри маснуоти давлатҳои тараққинамуда ба роҳ мондани истеҳсолот, ки маҳсулоти тайёр боз ба давлатҳои ҳамкор баргардонида мешуд, ҳаҷми гардиши реэкспорти молҳои саноатӣ низ хеле афзуд. Ҳаҷми умумии муомилоти савдои ҷаҳонӣ соли 1999 — 11 трлн долларро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 1990 ду маротиба зиёд мебошад. Дар ин сол ҳаҷми содироти моли ҷаҳонӣ, агар 5,4 трлн долларро ташкил дода бошад, пас воридот ҳаҷман каме зиёд шуда 5,6 трлн долларро ташкил дод. Имрӯзҳо зиёда аз 70%-и муомилоти савдои ҷаҳонӣ таҳти назорати давлатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон қарор дорад.

пешина
аз 785
навбатӣ