Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
таъмини пешрафти иқтисодиёти ҳар як мамлакат дар алоҳидагӣ вобастагӣ доштааст. Мувофиқи қоида, ҳар чӣ қадар мамлакат бештар ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ дохил шуда бошад, ҳамон қадар бештар пешрафти иқтисодиёти дохилии худро таъмин карда метавонистааст. Дар хоҷагии ҷаҳони имрӯза робитаҳои иқтисодии хориҷӣ омили муҳимтарине мебошанд, ки ба пешрафти мунтазам ва устувори иқтисодиёти миллӣ, ташаккули сохтор ва фаъолияти самараноки он таъсири назаррас мерасонад.
Имрӯзҳо барои аксари давлатҳои ҷаҳон ҳарчӣ бештар бароҳмонии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ яке аз омилҳои асосии суръатбахшандаи пешрафти иқтисодиёти мамлакат гардидааст.
Бароҳмонии истеҳсолот бо мақсади ҳарчӣ бештар зиёд намудани номгӯй ва маҳсулоти истеҳсолшуда дар тӯли ду даҳсолаи охири асри XX боиси ба қатори давлатҳои нави саноатии ҷаҳон дохил шудани якчанд давлатҳои қафомонда гардид. Бо оғози асри нав робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ҳарчӣ бештар мавқеи хосаеро дар раванди ҳамгироии глобалӣ мебозанд. Мувофиқи талаботи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон барои робитаҳои иқтисодии хориҷӣ хусусияти ба худ хоси мунтазам афзоянда, либерализатсия, диверсификатсияи шакл ва намудҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ хос аст. Дар байни хусусиятҳои хоси номбурда дар пешрафти робитаҳои иқтисодии хоҷагии ҷаҳонӣ имрӯзҳо тамоили шакли диверсификатсияи ҳамкорӣ нақши бузург мебозад. Дар баробари шаклҳои бароҳмондашудаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ солҳои охир бо суръати том ҳамкории илмию техникӣ, кооператсияи истеҳсолӣ, асъторию молиявӣ, ҳарбию техникӣ, туризм ва ғайра авҷ гирифта истодааст. Бинобар ин барои фаҳмотар шудани ин ҷараёнҳо мо ҳар яки онҳоро алоҳида шарҳ медиҳем.
17.6.1. Савдои хориҷӣ
Дар фаъолияти иқтисодии хориҷии ҳар мамлакат то имрӯз
мавқеи асосиро савдои хориҷӣ мебозад. Мувофиқи қоидаҳои
нонавишта, вале дар ҳаёт вуҷуддошта савдои хориҷӣ доимо тамоил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор