Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ба 4 трлн. 489 млрд. 587 млн. доллар расидааст. Дар ҳаҷми умумии савдои ҷаҳонӣ дар баробари панҷ давлати тараққикардаи дунё саҳми Италия, Канада, Нидерландия, Гонконг/Хитой, Белгия, Хитой, Испания, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Швейтсария, Шветсия, Австрия, Мексика, Австралия ва Бразилия низ хеле бузург аст. Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодии солҳои 1997-1999 тамоили устувори афзоиши сол аз соли ҳиссаи давлатҳои рӯ ба инкишоф, хусусан давлатҳои нави саноатии Осиё дар ҳаҷми умумии савдои ҷаҳонӣ баръало мушоҳида мешавад. Бо ҳаҷми умумии 1335.6 млрд.
доллари савдои хориҷии худ дар соли 1999 Гонконг, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур ва Таиланд мавқеи пешсафиро танҳо ба ШМА ва Германия дода, дар маҷмӯъ зиёда аз 10%-и ҳаҷми савдои ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Имрӯзҳо қисмати тозаҳамроҳшудаи Хитой - Гонконг, ки дар ҷадвали аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ таҳияшуда нишондиҳандаҳои он мисли пештара алоҳида ба қайд гирифта мешаванд, бо вуҷуди ҳудудан хурд буданаш бо ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии худ баъд аз 8 давлати тараққикардаи саноатии ҷаҳон ҷои 9-умро ишғол мекунад. Хусусияти хоси ин қисмати давлатии Хитой аз он иборат аст, ки нишондиҳандаҳои ҳаҷми содирот ва воридоти он ба ҳар сари аҳолӣ аз тамоми давлатҳои ҷаҳон зиёд аст. Аз гурӯҳи давлатҳои дар зинаи гузариши иқтисодиёт қарордошта, ки даҳсолаҳои охир афзоиши пай дар пай ва мӯътадили худро таъмин карда тавонистанд, пеш аз ҳама, Хитойро дар қатори пешсафон мисол овардан мумкин аст. Далелу рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар тӯли даҳ соли охир дар ин давлат афзоиши солонаи ҳаҷми умумии содирот ва воридот 16,5%-ро ташкил намуд. Ин рақам аз чунин нишондиҳандаи савдои ҷаҳонӣ ду баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Хитой аз 24 млрд. дар соли 1979 то ба 324 млрд. дар соли 1999 расонида шуд, ки созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба ин нишондиҳанда Хитойро дар ҷадвали рейтинги муомилоти савдои хориҷии давлатҳои ҷаҳон дар ҷои 11-ум ҷойгир намуданд. Агар ҳаҷми муомилоти савдоии хориҷии Хитой ва қисмати нави он - Гонконгро якҷоя намоем бо ҳаҷми 685,6

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор