Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
млрд. доллар (324+361,6) Хитой аз ҷиҳати ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ ҷои аввалро ишгол менамояд.
Аз соли 1995 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба афзоиши солонаи ҳаҷми муомилоти савдои хориҷии худ аз тарафи созмонҳои оморӣ ва молиявии ҷаҳон ба қайд гирифта шуда, дар байни 174 давлати дунё аз ҷиҳати муомилоти савдои хориҷӣ дар ҷои 29 ҷойгир карда шудааст. Имрӯзҳо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҳлили муносибатҳои содиротию воридотии даҳ соли охир аз вусъатёбии робитаҳои тиҷоратии байналхалқӣ, қудратнокшавӣ ва бунёди корхонаҳои нави муштарак, сол аз сол афзудани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ, пешниҳод ва истифодаи хизматрасониҳои байналмилалии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Яке аз хусусиятҳои бартаридоштаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охири асри ХХ дар мунтазам афзоиш ёфтани салдои мусбии амалиёти содиротию воридотӣ мушоҳида карда мешавад. Соли 2000 бартарии ҳаҷми содирот бар воридот дар Тоҷикистон 104,8 млн. доллари ШМА-ро ташкил намуд, ки бо ин нишондиҳанда дар қатори давлатҳои тараққикардаи саноатӣ қарор дорад. Сабабҳои асосии афзоиши салдои мусбии савдои хориҷӣ дар ду соли охир (1999-2000), пеш аз ҳама дар баробари афзоиши ҳаҷми содироти ашёи хоми саноатӣ (алюминий ва нахи пахта) боз дар сол аз сол камшавии ҳаҷми харидории давлатии ғалла, намудҳои дигари маҳсулоти ғизоӣ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои қаблан воридшаванда мушоҳида карда мешавад. Аммо бо вуҷуди афзоиши босуръати ҳаҷми савдои хориҷӣ дар ҳаҷми МММ Тоҷикистон бинобар пурра дигар накардани тамоили истеҳсолоти худ дар даҳ соли охир ба гурӯҳи давлатҳое, ки иқтисодиёташон тамоили содиротӣ доранд (Гонконг, ки вазни қиёсии он дар маҷмӯи маҳсулоти миллӣ - 188%, Сингапур - 179%, Малайзия - 77%, Белгия - 69% мебошад) дохил карда намешавад. Имрӯзҳо Тоҷикистон бинобар аҳамияти басо муҳим доштани савдои хориҷӣ барои ҳарчи бештар зиёд намудани номгӯи молҳои содиротӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар натиҷа вазни қиёсии содирот дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор