Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан
  1. Хуни истиҳоза низ рўзаро фосид намекунад.
  2. Ҳамчунин хоидани сақич, агар ба он маводи хуштаъмкунанда ва хушбўкунандае илова нашуда бошад, бо кароҳият ҷоиз аст. Зеро он даҳон ва дандонҳоро то андозае тоза нигоҳ медорад. Аммо он сақичҳое, ки имрўз бо номи жвачка маъмул гаштаанд, ба онҳо маводи дигаре барои хуштаъмӣ ва хушбўӣ илова шудааст ва агар оби даҳонашро пас аз хоидани ин навъ сақич (жвачка) фурў барад, рўзаашро фосид месозад.
    Ба ҳар ҳол, нахоидани сақич дар моҳи Рамазон беҳтар аст, зеро мардум ўро дар он ҳолат рўзахўр гумон мекунанд ва нисбат ба вай бадгумон мешаванд.
  3. Агар касе чизеро, ки дар миёни дандонҳояш мондааст, фурў барад ва андозааш аз донаи нахўд хурдтар бошад, рўзааш фосид намешавад, магар ин ки онро аз даҳонаш берун оварда, сипас аз нав фурў барад.

Макрўҳоти рўза

  1. Чашидани таъми ашё.
  2. Хоидани чўбе ба баҳонаи мисвок; 3. Бўсу канор бо зан дар сурате ки ба худ итминон надошта бошад.
  3. Ҳамон гуна ки баён шуд, молидани равғану сурма бар сару сурат (рўй) ва бўидани хушбўиҳо ҷоиз аст, агарчи баъд аз истеъмоли сурма ранги он ҳамроҳ бо обе, ки аз чашм берун меояд, мушоҳида шавад.
  4. Чӣ тавре зикр шуд, ба ҳалқи рўзадор фурў рафтани ҳашароте, мисли магас ва ё дуду ғубор, агар ба қасд сурат нагирифта бошад, рўзаро фосид намесозад.

Магасу пашша дар гулў чу парид,
Нест нуқсони рўзаи ту падид.

  1. Аз назари ҷумҳури мазоҳиб қасдан фурў бурдани дуд – дуди анбар, уд ва дигар чизҳо ва ҳамчунин, кашидани чилим, банг, нос ва монанди инҳо рўзаро фосид месозанд ва дар ин ҳолатҳо ҳам қазо ва ҳам каффорат лозим меояд.
пешина
аз 190
навбатӣ