Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Маҷмаи фиқҳи исломӣ низ дар қарори худ масъаларо ба ҳамин сурат тасдиқ намудааст.

  1. Гази оксиген

Манзур аз масъалаи гази оксиген (кислород) дар ин ҷо ба таври сунъӣ нафас додани баъзе беморон мебошад. Гази оксиген ҳеҷ гуна маводи ғизоиеро дар таркиби худ фаро намегирад ва аз роҳи нафас ба шуш ворид мешавад. Бинобар ин, он шиканандаи рўза ба шумор намеравад.

  1. Шустани гўш

Аз назари фиқеҳони киром гўш низ дорои манфаз ба сўи димоғ дониста шудааст. Бинобар ин, чаконидани ҳар гуна доруи моеъ ва ё равған ба гўш ва ҳамчунин шустани он рўзаро фосид мекунад.
Аммо аз назари илми анатомия имрўз ба таври дақиқ муайян гардидааст, ки агар пардаи гўш накафида ва ё шикоф нашуда бошад, дигар ҳеҷ манфазе аз он ба димоғ вуҷуд надорад. Бинобар ин, Маҷмаи фиқҳи исломӣ чаконидани ҳар гуна дору ва равғанро дар гўш ва ҳамчунин шустани онро бо маҳлулҳои махсуси тиббӣ ғайри шиканандаи рўза донистааст. (Қарори Маҷмаи фиқҳи исломӣ дар бораи масоили муосир дар боби рўза дар охир зикр мегардад).

  1. Рехтани дору дар чашм

Чаконидан ва ё рехтани дору дар чашм рўзаро намешиканад, ҳарчанд таъм ва ё асари онро дар ҳалқаш
дарк намояд. Ин дар ҳолест, ки аз чашм аз тарафи паҳлўи бинӣ сўрох ва ё манфазе ба коми даҳон ва пас аз он
ба ҳалқ вуҷуд дорад.

пешина
аз 190
навбатӣ