Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан
  1. Истифодаи марҳам (маз)-ҳо ва дигар часп (тарбанди)-ҳои тиббӣ

Молидани равған ва марҳам (маз) ва ҳамчунин, тарбанд намудани захмҳо ва ҷароҳатҳои бадан бо часпҳои давоие, ки дар таркиби худ маводи доруӣ ва маҳлулҳои химиявӣ доранд, боке надорад. Зеро рўза бо ворид шудани таъсири доруҳо ва ё моеъоте, ки аз тариқи масомаҳо ва сўрохҳои таркиби пўст ҷабида мешаванд, фосид намешавад.

  1. Ташхис ва ё табобати рагҳо бо дастгоҳ

Ворид кардани найчаҳои борик ва дастгоҳҳои махсуси тиббӣ ба рагҳои хунгарди дил, маҷрои пешоб ва дигар узвҳо барои ташхиси беморӣ ва ё табобати онҳо вақте як сари он дар берун боқӣ мемонад, рўзаро фосид намекунад.
Ҳамчунин ворид кардани дастгоҳи тиббӣ ба девори шикам барои ҷарроҳӣ ва гирифтани талха, барои гирифтани пора – намунае (проба) барои ташхис ва ё барои ташхиси бевоситаи узвҳои дохили шикам боке надорад, зеро як тарафи дастгоҳ дар беруни бадан боқӣ мемонад. Ин амалияи тиббӣ аз тариқи сўрохии хурде дар девори шикам анҷом дода мешавад.

  1. Тасфияи хун

Амалияи тасфияи хун, ки ба шустани гурдаҳо шинохта шудааст, ба ду тариқ анҷом дода мешавад:
а) Ба воситаи дастгоҳе, ки ба он гурдаи сунъӣ гуфта мешавад, хуни бадан кашида ва аз моддаҳои зарароваре, ки ба он ҳамроҳ шудаанд, тасфия ва пок сохта мешавад, сипас дубора аз роҳи раги хунгард (вена) ба бадан ворид карда мешавад. Дар ин сурат агар ба таркиби хун маводи ғизобахш ва ё маҳлулҳои химиявӣ ворид карда нашавад, рўза фосид намешавад.
б) Ба воситаи пардаи шикам (брюшина) анҷом дода мешавад, ба ин тариқ, ки девори шикам болотар аз ноф сўрох карда ва ба воситаи найча (шланг)-и борике бештар аз ду литр маҳлули глюкозадор ба он рехта мешавад. Он маҳлул пас аз муддате кашида гирифта мешавад ва боз ба ҷояш маҳлули нав рехта мешавад ва ин амалия чанд навбат дар як рўз такрор карда мешавад.
Дар натиҷа бадан ба воситаи пардаи рўи шикам намакҳои таркиби хун, қанд ва дигар маводи аз байн рафтаро покиза ва аз нав барқарор месозад. Бадеҳист, ки дар ин сурат миқдори зиёде аз намакҳо, қанд ва дигар маводи зарурӣ ба таркиби хун ворид мегардад ва рўзаро фосид мекунад.

пешина
аз 190
навбатӣ