РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
- Хунсупорӣ (донорӣ)
Хунсупорӣ барои шахси рўзадор ҳеҷ зарар ва мамнўияти шаръие надорад. Аз назари ҷумҳури аҳли суннат бо ҳиҷомат рўза намешиканад, зеро Расули акрам (с) дар вақти рўзадорӣ ҳиҷомат намудааст.203 Хунсупорӣ низ навъе аз хунгирӣ (ҳиҷомат) ба шумор меравад, бо ин тафовут, ки хуне, ки барои беморон супорида мешавад, аз рагҳои хунгард (вена) гирифта мешавад.
Супоридани хун барои таҳлил (анализ) низ дар аснои моҳи Рамазон мамнўияте надорад ва рўзаро намешиканад.
- Шустан ва ташхиси маҳбил
Ташхиси маҳбил, бачадон ва дигар узвҳои дохилии занон ба воситаи дастгоҳ вақте як тарафи он дар берун бошад, рўзаро намешиканад, вале шустани онҳо бо маҳлулҳои шўянда рўзаро фосид месозад, зеро бинобар дидгоҳи фиқҳии гузаштагон аз онҳо ба сўи шикам манфазе вуҷуд дорад.
Тибби муосир хилофи онро собит намуда, муайян кардааст, ки ҳеҷ гуна манфазе аз ин узвҳо ба шикам вуҷуд надорад ва Маҷмаи фиқҳи исломӣ бо истинод ба ин мавқеи илми тиб дар ин масъала шустани маҳбил ва дигар узвҳои дохилии занонро бо маҳлулҳои шўянда шиканандаи рўза надонистааст.
- Қарори Маҷмаи фиқҳи исломӣ
Маҷмўи масоили диние, ки дар ин бахш зикр гардиданд, аз қабили чаконидани дору дар гўш, чашм,
бинӣ, имола кардан ва ҳамчунин дору ва муолиҷа намудани димоғ, масоили иҷтиҳодӣ мебошанд, яъне дар бораи онҳо далели қатъие дар Китоб ва суннат собит нашудааст.
203 Дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст: «Паёмбар (с) дар ҳоле ки рўзадор буд, ҳиҷомат кард». (Саҳеҳи Бухорӣ, 1938, 1939).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё