Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Вақте онҳо ворид шуданд, он дар баста мегардад ва дигар касе аз он ворид намешавад».15 Рўзаи ин моҳ мадрасаи тарбияи ахлоқ, сохтани шахсият ва омўзиши давраиест, ки ахлоқи ҳамида, иродаи пойдор, нерўи муқовимат, сабр ва дигар рўҳиёти некро дар фитрат ва ботини инсон таҳким ва тақвият мебахшад. Ба ў дарси амонатдорӣ ва муроқабати Ҳақ – ҳозир донистани Худо дар ниҳону ошкорро меомўзад, зеҳну андешаи ўро сафо, покизагӣ ва илҳом мебахшад ва зарфиятҳои ҷисмӣ, рўҳӣ ва фикрии ўро аз сустиву танбалӣ ва заъфу афсурдагӣ раҳо месозад.

Бар сари хонҳои рӯҳонӣ, ки покон шастаанд,
Мар туро ҳамкоса гардонад бад-он покон сиём.
Рӯза чун рӯзат кунад равшандилу софиравон,
Рӯзи ид васли шаҳро сохта қурбон сиём.
(Мавлоно, Девони Шамс)

Рўзаи моҳи Рамазон бо ба тартиб даровардани низоми хўрдану нўшидан ва хобу хўри инсон ба ў амалан дарси тартибу интизом дар зиндагиро меомўзад ва эҳсоси ваҳдату якпорчагӣ дар сар то сари ҷаҳони Исломро дар қалби вай бедор месозад. Зеро ҳама якҷоя рўза мегиранд ва дар як вақт ифтор менамоянд.
Рўза дар вуҷуди инсон отифаи раҳмату муҳаббат, бародарӣ ва эҳсоси зарурати робитаи ҳамбастагию ҳамкориро дар миёни мусалмонон парвариш медиҳад. Масалан, эҳсоси гуруснагию ташнагӣ ва эҳсоси ниёзҳои ҷисмӣ ўро барои ҳамбастагӣ бо дигарон, ширкат дар маҳви падидаи фақру тангдастӣ ва кўмаки гуруснагону беморон ва дигар аъмоли хайр омода месозад.
Ва бо ҳамин заминаҳои рўҳии ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва робитаҳои инсонӣ дар миёни мардум фароҳам мегарданд.

15 Саҳеҳи Бухорӣ, 1896, 3257; Саҳеҳи Муслим, 2703 (1152)-166; Тирмизӣ, 765. Ҳадисро аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят кардаанд.
16 Шастаанд – нишастаанд; шаста ва шиста мухаффаф аз решаи феъли нишаста бошад.

пешина
аз 190
навбатӣ