РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Касе, ки ба сабаби пирӣ наметавонад рўза бигирад ва баъд аз моҳи мубораки Рамазон ҳам наметавонад қазои онро ба ҷой оварад ва ҳамчунин беморе, ки то охири умр ба саломатиаш умеде нест, метавонанд дар моҳи мубораки Рамазон рўза нагиранд, вале бояд барои ҳар рўзаш фидя диҳанд. Фидя он аст, ки ҳар рўз як мискинро ду вақт таом диҳанд.
Тифле дар рўзи моҳи мубораки Рамазон болиғ гардад ва ё кофире мусалмон шавад, бар онҳо лозим аст, ки дар рўзҳои боқимонда рўза бигиранд. Қазои худи он рўз бар онҳо воҷиб нест, вале ба хотири ҳамбастагӣ бо мусалмонони рўзадор бояд аз хўрдану нўшидан имсок намоянд.
Каффорати рўза
Каффорат ҷаримаест, ки барои ҷуброни рўзаи фосидшуда муайян шудааст ва он бо дарназардошти ҳолатҳои молӣ ва ҷисмии шахси рўзадор ба се навъ тақсим мешавад:
- Озод кардани як ғулом;
- Агар ба озод кардани як ғулом қодир набошад,
ду моҳ пай дар пай рўза бигирад; - Агар қудрати рўза гирифтан ҳам надошта бошад,
пас ба шаст мискин барои субҳу шом таом диҳад.
Гар касе қасд кард дар хўрдан,
Ба наҳору муҷомаат кардан.
Шаст мискинро таом бояд дод,
Ё яке банда карданаш озод!.
Ё ду моҳ рўза паёпай дор,
То шавӣ аз ҳаёт бархўрдор!.
Каффорати рўза вақте бар шахс воҷиб мегардад, ки рўзаи моҳи Рамазонро бо яке аз се мамнўоти қатъӣ:
хўрдан, нўшидан ва ҳамбистарӣ фосид намуда ва дар вай шартҳои зерин фароҳам омада бошанд:
- Синну сол ва шароити дигари таклиф206 дар вай мавҷуд бошанд,
- рўзаи моҳи Рамазонро аз шаб ният карда бошад,
- пеш аз фосид намудани рўза ва ё баъд аз он чизе аз узрҳое, ки ифторро ҷоиз мегардонанд, ба вуҷуд наомада бошад,
- бо икроҳ ва маҷбурӣ набошад, 5. қасдан ва бе фаромўшӣ сурат гирифта бошад, 6. хато накарда бошад ва ҳамчунин дар ҳолати изтирорӣ қарор надошта бошад.
Бинобар ин, кўдаки ба балоғат нарасида ва ҳамин тавр болиғе, ки пас аз дамидани субҳ нияти рўза карда бошад, агар рўзаашонро фосид намоянд, бар онҳо каффорате воҷиб намегардад. Шахси рўзадор агар сафар намояд ва пас аз он рўзаашро бихўрад, бар вай каффорате воҷиб намегардад, зеро сафар аз узрҳои шаръие аст, ки хўрдани рўза бо он ҷоиз мегардад.207 Ва ё пас аз он ки рўзаашро қасдан хўрд, бемор шавад ва зан ҳайз бинад, дар ин суратҳо низ бар вай каффорате воҷиб намегардад, зеро ҳоло барояш шароите пеш омадааст, ки ногузир рўзаашро мехўрад.
206 Таклиф -/ҳо; таколиф/. дин: дар истилоҳи диншиносӣ такомули зарфиятҳои зеҳнӣ ва шароити синну солие мебошад, ки бо фароҳам омадани онҳо дар шахс мавриди хитоби амрҳои динӣ қарор мегирад, ба монанди синну соли балоғат, камоли ақлӣ ва ғ.. Бинобар ин, таклифҳои шаръӣ аз кўдаки ноболиғ, одами ноқисулақл ва ҳар каси дигаре, ки шароити шаръии таклиф дар вай фароҳам набошанд, бардошта мебошанд.
207 Сафар яке аз узрҳои шаръӣ аст, ки бо таносуби ҳоли шахс гирифтан ва нагирифтани рўза ҳар ду дар он ҷоиз мебошад. Агар шахсе пеш аз сафар нияти рўза намояд ва пас аз баромадан ба сафар рўзаашро бихўрад, бар вай танҳо қазо воҷиб мегардад, на каффорат. Зеро бо ин узр метавонист тамоман рўза нагирад.
Аммо агар рўзаро бихўрад ва пас аз он ба сафар барояд, қазову каффорат ҳар ду бар вай воҷиб мегарданд. Зеро рўзаро пеш аз ба вуҷуд омадани узре фосид намудааст, ки гирифтан ва нагирифтани рўза ҳар ду дар он ҷоиз аст. Агар рўзаашро пеш аз ба вуҷуд омадани сафар бихўрад, ин узри шаръӣ – сафар дар соқит шудани каффорат аз вай таъсире надорад.
Дар мавриди ҳайзу нифос ва беморӣ бошад, масъала каме фарқ мекунад, зеро дар сурати ҳайзу нифос рўза доштан шаръан мамнўъ аст ва дар ҳолати беморӣ имкони идомаи он боқӣ намемонад. Аз ин рў, вақте рўзаашро фосид намояд ва пас аз он ин узрҳо пеш оянд, каффорате бар вай воҷиб намегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё