РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Шоёни зикр аст, ки ҳукми каффорати рўзаи моҳи
Рамазон бо суннати Расули Худо (с) собит шудааст. Ривоят шудааст, ки: «Марде ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: Эй Расули Худо (с), ҳалок гардидам. Гуфт: Чӣ чиз туро ҳалок сохт? Гуфт: Дар моҳи Рамазон ба занам наздикӣ намудам. Фармуд: Оё ғуломеро озод карда метавонӣ? Гуфт: Не. Фармуд: Оё ду моҳ паёпай рўза дошта метавонӣ? Гуфт: Не. Фармуд: Оё чизе меёбӣ, ки шаст мискинро таом диҳӣ? Гуфт: Не. Пас аз он бинишаст.
(Дар ин вақт) ба назди Паёмбар (с) сабади хурмое оварда шуд. Фармуд: Инро бигир ва садақа кун. Гуфт: Оё бар фақиртар аз худам? Қасам ба Худо, дар миёни ду доманае, ки шаҳри Мадинаро дар иҳотаи худ гирифтаанд, хонадоне мўҳтоҷтар ба он аз аҳли байти ман вуҷуд надорад. Паёмбар (с) хандид, то он ки дандонҳои пешаш намудор гаштанд, он гоҳ фармуд: Бирав ва онро ба аҳли хонаводаат бидеҳ».210 Вале навъҳои дигари каффоратҳо: каффорати зиҳор, каффорати қатли ба хато, каффорати савгандшиканӣ ва каффорати қатли сайди Ҳарам дар вақти эҳром бо насси қуръонӣ собит шудаанд. Каффорати зиҳор бо оятҳои 3 ва 4 сураи Муҷодала, каффорати қатли ба хато бо ояти 92-юми сураи Нисо, каффорати савгандшиканӣ бо ояти 89-уми сураи Моида ва каффорати қатли сайд бо ояти 95-уми сураи Моида собит шудааст.
Каффорати рўзаи моҳи Рамазон бо суннат собит шуда ва насси сареҳ дар ин замина танҳо ҳолати муҷомаат ва ҳамбистариро дар бар мегирад, вале машоихи ҳанафӣ ҳукми каффорати ифсоди рўза ба василаи хўрдан ва нўшиданро бо қиёс ба он собит намудаанд.
210 Саҳеҳи Бухорӣ, 1936, 1937; Саҳеҳи Муслим, 2590 (1111)-81.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё