Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Баёни ҳолатҳое, ки шикастани рўза ё нагирифтани рўза дар онҳо ҷоиз аст

  1. Рўзадоре ногаҳон бемор гардад, ба сурате ки агар нахўрад ва ё нанўшад, бими ҳалокат ё зиёдшавии беморӣ ва ё таъхире дар барқароршавии тандурустиаш ба вуҷуд ояд, дар ин ҳолатҳо шикастани (хўрдан) рўза барояш ҷоиз аст.
  2. Ташнагӣ то ҷое рўзадорро беҳол намояд, ки агар об нанўшад, шояд бимирад, дар ин ҳол низ шикастани рўза барояш ҷоиз аст.
  3. Зани бордор вақте хавфи ҳалокати худ ё тифлашро эҳсос намояд, хўрдани рўза барояш ҷоиз аст. Дар ду ҳолати номбурда (беморӣ ва бордорӣ) агар ҳанўз барои рўза ният накарда бошад, метавонад рўзаро нагирад.
    Локин барои бемор ба маҳзи тахмину хаёл ин кор ҷоиз нест, балки бояд табиби ҳозиқ (донишманд) ва бодиёнате ин ҳолатро таъйид намояд.
  4. Табиб чизе нагуфта, вале аз таҷриба ва нишонаҳои дигар донист, ки ба сабаби рўза беморияш шиддат пайдо мекунад ва ё дар барқароршавии саломатиаш таъхир меафтад, дар ин сурат низ ҷоиз аст рўза нагирад.
  5. Бемор солим гашта, вале ҳанўз бемадор бошад ва ғолиби гумон ин аст, ки бо рўза гирифтан мумкин аст дубора бемор шавад, рўза нагирад.
  6. Шахси бемор ва мусофире, ки дар ҳолати беморӣ ва сафар даргузаштаанд, барои рўзаи хўрдаашон дар охират бозхост намешаванд. Зеро шариат дар ин ҳолатҳо хўрдани рўзаро барояшон иҷозат додааст.

7.Шахсе муддати даҳ рўз бемор бошад ва панҷ рўз беҳтар шавад, вале дар ин муддат қазоии даврони беморияшро нагирад ва баъд аз он даргузарад, панҷ рўзи даврони беморияш муъоф буда, барои панҷ рўзи дигараш бозхост мешавад.
8. Дар мусофират рўзаро нагирифт ва чун ба хона баргашт, аз дунё гузашт, ба андозаи ҳамон чанд рўзе, ки дар хона буда ва қазои рўзаашро ба ҷой наовардааст, бозхост мешавад. Чунин шахс бояд ба ворисонаш васият кунад, ки фидяи рўзҳои қазо наёвардаашро пардохт намоянд. Фидяи рўза барои ҳар рўз ним соъ гандум аст.
9. Мусофире, ки барои камтарин муддати иқомат (15 рўз) ё бештар аз он нияти иқомат намояд, хўрдани рўза барояш ҷоиз нест. Агар аз он миқдор камтар нияти иқомат намояд, ҳар ду тарафи кор барояш яксон аст.
Бубинад, агар хўрдан барояш муносибтар бошад, бихўрад ва агар рўза доштан беҳтар бошад ва машаққате барояш ба вуҷуд наояд, рўза бигирад.
10. Кофире дар миёнаҳои рўз мусалмон шавад ва ё кўдаке ба балоғат расад, барояшон мустаҳаб аст, ки бозмондаи он рўз аз хўрдану нўшидан худдорӣ намоянд ва агар бихўранд ҳам, қазое бар онҳо лозим нест.
11. Шахсе дар мусофират қасди нагирифтани рўзаро дошта бошад, вале пеш аз нисфирўзӣ (завол) ба хонааш баргашта муқим шавад ва ё дар як чунин вақте нияти иқомат намояд ва то ҳол чизе нахўрда ва нанўшида бошад, метавонад аз ҳамон вақт барои рўза ният бандад.
12. Шахси пиру нотавон вақте бардаму тавоно гашт ва ё бемори барҷомондае бар асари кўшиши табибон саломатияш дубора барқарор шуд, бояд қазои рўзаашонро ба ҷой оварад, зеро дар ин сурат фидя наметавонад ҷойгузини рўза гардад.
13. Бар зиммаи шахсе чанд рўз рўзаи қазоӣ бошад ва дар вақти мурдан ба додани фидя васият кунад, он (васият) пас аз кафан ва дафн аз як сеюми молаш бароварда мешавад. Бе васият аз моли ба ирс гузоштааш фидя додан ба хоҳиш ва ихтиёри ворисон вобаста аст.
14. Агар миқдори фидяе, ки бояд дода шавад, аз як сеюми моли даргузашта зиёдтар бошад, бо вуҷуди васият, бе ризояти ворисон баровардани миқдори зиёдатии фидя ҷоиз нест.
15. Васият барои додани фидя дар ивази намозҳои қазо кардааш низ ҳамин ҳукмро дорад.
16. Бар зиммаи шахсе закоти молаш монда бошад ва ба ҳангоми марг ба додани он васият намояд, дар ин ҳолат низ ворисон баъд аз кафан, дафн ва адои қарзҳояш аз сеяки молаш закот медиҳанд.
17. Бар асоси мазҳаби ҳанафӣ аз тарафи шахси даргузашта намоз хондан ва рўза гирифтани каси дигаре ҷоиз нест ва чизе аз зиммааш соқит намешавад.
18. Бе узр хўрдани рўзаи моҳи мубораки Рамазон гуноҳи кабира (гуноҳи бузург) аст. Набояд бандаи мўъмин ин фикри хаторо дар сар бипарваронад, ки ҳоло ки вақт аст, мехўрам ва чун умрам ба ҷое расид, рўза мегирам ва қазоҳои гузаштаро ба ҷо меоварам, зеро дар ҳадис аст, ки агар тамоми умрро рўза бигирад, бо як рўзи рўзаи моҳи Рамазон баробар намешавад.216 Дигар ин ки шояд аҷал ўро фурсат надиҳад, то умраш ба ҷое бирасад.
19. Кўдаки ноболиғе рўза гирад ва сипас онро бихўрад, қазое бар вай воҷиб намегардад, вале агар намозро ният кунад ва бишиканад, бояд онро аз сар бихонад.

216 Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Расули Худо (с) дар он мефармояд: «Касе бе ҳеҷ гуна узр ва беморие як рўзе аз Рамазонро бихўрад, агар тамоми даҳр рўза бидорад, қазои онро ба ҷой оварда наметавонад». (Саҳеҳи Бухорӣ, муқаддимаи ҳадиси 1935). Вале зоҳиран барои соқит намудани фарз ба ҷои он як рўз қазоӣ мегирад.

пешина
аз 190
навбатӣ