Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ин масъала имрўз пас аз фароҳам омадани шароит ва имконоти шиносоӣ бо тамоми гўшаву канори замин ба таври ҷиддитаре матраҳ гардида бошад ҳам, дар маҷмўаи фиқҳи исломӣ муддатҳо қабл ба он ишора шудааст. Донишмандон ва поягузорони маҷмўаи фиқҳи исломӣ ба дарозии шабу рўз дар минтақаҳои дорои дараҷаҳои баланди арзи ҷуғрофиёӣ,217 яъне минтақаҳои қутбӣ ва атрофи он ва чигунагии намозу рўзаи сокинони он ҷойҳо хеле барвақт пардохтаанд.
Назари роҷеҳ ва қавли мўътамад дар мазҳаб бар асоси таҳқиқоте, ки Камол ибни Ҳумом дар «Фатҳу-лқадир» дар ин маврид анҷом дода ва Ибни Обидин дар «Радду-л-мўҳтор», Зайлаъӣ дар «Табйину-л-ҳақоиқ», соҳиби «Дурру-л-мухтор» ва дигарон онро таъйид намудаанд, он аст, ки сокинони ин минтақаҳо барои анҷоми намозу рўза ва дигар муносибатҳои динии худ бояд вақтро ба андозаи шабонарўзи муқаррарӣ баршуморанд,218 ба ин тариқ, ки ҳар бисту чаҳор соатро як шабонарўз дониста, намоз, вақтҳои ибодатҳо ва дигар муносибатҳои динии худро бар асоси соат муайян намоянд.
Маҷлиси Маҷмаи фиқҳи исломӣ низ дар нишасти нўҳуми худ дар шаҳри Маккаи мукаррама, ки дар таърихи 12-19 моҳи раҷаби соли 1406 ҳ. баргузор гардид, масъалаи вақти намозу рўза барои сокинони минтақаҳои воқеъ дар хатти баланди арзи ҷуғрофиёиро мавриди баррасӣ қарор дода, қарори зеринро ба тасвиб расонд:

  1. Сокинони минтақаи якум, ки дар миёнаи арзи ҷуғрофиёии 45 ва 48 воқеъ шудааст, бо амал ба нусуси шаръӣ дар бораи вақти намозу рўза ин ду фаризаро дар вақтҳои муқаррариашон ба ҷой оваранд ва рўзаро аз дамидани субҳи содиқ то фурў рафтани офтоб бидоранд. Касе ба сабаби дарозии рўзҳо аз гирифтан ва ё ба итмом расонидани рўза оҷиз монад, онро бихўрад ва дар вақти муносибе қазои онро ба ҷой оварад.
  2. Сокинони минтақаи дуюм, ки дар миёнаи хатти арзи 48 ва 66 воқеъ шудааст, барои баргузории намози хуфтан ва бомдод бо қиёси нисбӣ ба вақти онҳо дар шаби наздиктарин минтақае, ки дар он нишонаҳои вақти ин ду намоз шинохта мешаванд, вақтеро муайян намоянд. Маҷлиси Маҷмаъ хатти арзи 45-ро ба эътибори наздиктарин минтақа барои ин амр пешниҳод мекунад.
    Масалан, агар вақти намози хуфтан дар хатти арзи 45 пас аз гузашти сеяки шаб сар шавад, пас сокинони минтақаи дуюм низ вақти намози хуфтанашонро ба он қиёс намоянд.
  3. Дар минтақаи сеюм, ки болотар аз хатти арзи 66 то қутбҳо воқеъ гардидааст, тамоми вақтҳо бо қиёс ба вақтҳои замоние, ки дар хатти арзи 45 вуҷуд доранд, муқоиса ва муайян карда шаванд, ба ин тариқ, ки дар минтақаи миёнаи хатти 66 то қутбҳо ҳар бисту чаҳор соат як шабонарўз эътибор карда шавад ва намозҳо дар он дар ҳамон вақтҳое, ки (дар он фасли сол) дар минтақаи хатти 45 вуҷуд дорад, ба ҷой оварда шаванд.
    Агар дарозии шаб (дар он фасл) дар минтақаи хатти арзи 45 ҳашт соатро ташкил диҳад ва офтоб дар соати ҳашт ғуруб намояд ва соати ёздаҳ вақти намози хуфтан шавад, дар минтақаҳои болотар аз хатти арзи 66 низ ба ҳамин сурат ба ҷой оварда шавад. Агар субҳ дар хатти арзи 45 дар соати ду бидамад, дар минтақаи болотар аз хатти арзи 66 низ рўзаи худро аз ҳамон соати ду сар кунанд ва онро то вақти ғуруб ба итмом расонанд.

217 Арз -/ҳо/. геогр: ба маънои паҳно ва ё параллели ҷуғрофиёӣ َْ аст ва он фосилаи ҷойгиршавӣ ва дурии ҳар минтақаро аз хатти истиво (экватор) мувофиқи дараҷаи параллели ҷуғрофиёии он ташкил медиҳад. Ибтидои параллели ҷуғрофиёӣ аз хатти истиво, яъне сифр шурўъ гардида, он ба тарафи шимол ва ҷануб ба масофаи 90 дараҷа имтидод меёбад. Ба параллели ҷуғрофиёии болотар аз 65 дараҷа арзи баланд ва ба параллели ҷуғрофиёии воқеъ дар миёнаи паҳнои 30 ва 60 дараҷа арзи миёна мегўянд.
218 Камол ибни Ҳумом, Фатҳу-л-қадир. – Ҷ. 1. – С. 420, 421; Раддул-мўҳтор. – Ҷ. 2. – С. 18, 19.

пешина
аз 190
навбатӣ