Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Паёмбар (с) мефармояд: «Касе моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди аҷру савоби Худованд барпо дорад, гуноҳони гузаштаи ў бахшида мешаванд».23 Салмон (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) дар охирин рўзи моҳи шаъбон хутбае (суханроние) эрод намуд ва дар он аз ҷумла фармуд: «Эй мардум! Инак, моҳи бузург ва мубораке бар сари шумо соя афканда аст. Моҳе, ки як шабаш (шаби Қадр) аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
Моҳе, ки Худованд рўзаашро фарз ва қиёми шабашро татаввўъ (нафл ва ихтиёрӣ) гардонидааст. Касе дар ин моҳ хислати некеро ба ҷой оварад, баробари он аст, ки фаризаеро дар дигар моҳҳо анҷом дода бошад ва касе фаризаеро дар он ба ҷой оварад, баробари ҳафтод фарз дар моҳҳои дигар аст.
Моҳи сабр аст ва подоши сабр биҳишт аст. Моҳи ҳамдилӣ ва дастгирист. Моҳест, ки дар ризқи бандаи мўъмин афзоиш ва баракат ба вуҷуд меояд. Касе рўзадореро дар ин моҳ ифтор диҳад, он мағфирати гуноҳон ва сабаби озодиаш аз оташ мегардад ва ба монанди он (рўзадор) аҷр дода мешавад, бе он ки аз аҷри ў чизе коста гардад».
Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), на ҳамаи мо ифторе барои рўзадор пайдо менамояд? Расули Худо (с) фармуд:
«Худованд ин савобро барои касе, ки рўзадореро бо хурмое ё бо ҷуръаи обе ва ё бо шири ба об омехтае ифтор диҳад, низ ато менамояд.
Моҳест, ки аввали он раҳмат, миёнаи он мағфират ва охираш озодии аз оташ бошад. Касе барои хидматгори худ дар ин моҳ сабукӣ оварад, Худованд ўро биёмурзад ва аз оташ озодаш намояд.
Дар ин моҳ чаҳор хислатро бештар намоед, ки бо ду хислаташ Парвардигоратонро хушнуд месозед ва ду хислати дигараш барои худатон зарурӣ мебошанд.

23 Муттафақун алайҳ: Саҳеҳи Бухорӣ, 38, 1901, 2014. Саҳеҳи Муслим, 1778 (760)-175. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.

пешина
аз 190
навбатӣ