Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Профессорони Советӣ Николаев ва Нилов соли 1967 дар моҳномаи «Маводди ғизоӣ» (Пищевые продукты) дар мақолае ба унвони «Гуруснагӣ баҳри тандурустӣ»
(Голод для здоровья) навишта буданд: Ба сабаби бад шудани вазъи экологӣ дар шаҳрҳо одамиро барои ҳифзи саломатӣ ва покиза шудан аз русуботи пасмонда ва чарбиҳои зиёдатии баданаш зарур аст, ки ҳар сол на камтар аз се ҳафта ва на бештар аз чор ҳафта имсок ва гуруснагӣ бикашад.
Муҳаққиқони ғарбӣ низ дар ин бора ба натоиҷе даст ёфтаанд, ки дар ин ҷо ба таври мисол ба чанд намунае аз он ишора мекунем. Доктори тиб Роберт Бартлов ба тариқи таҷрибӣ ва озмоишӣ собит намуда, ки рўза ва имсок қудрати ҳайратангезе дар поксозӣ ва тасфияи бадан дорад ва ҳатто метавонад варам (опухол)-ро дар марҳалаҳои оғозинаш аз байн бибарад. Вай аз ҷумла менависад: Бешак, рўза ва имсок таъсири корие дар поксозии бадан аз микробҳо дорад.
Аз сўи донишмандони амрикоӣ низ ба тариқи озмоишӣ собит гардида, ки рўза мўҳтавои холестерини хунро хеле коҳиш медиҳад ва дар натиҷа хатари бемории тангшавии рагҳои дил (ишемический заболевания)- ро дар инсон камтар месозад. Он ҳамчунин дар таъдили мизони қанднокии хун ва туршиҳои зери меъда таъсири хубе мегузорад ва онҳоро бе истифода аз дору ба меъёри муқаррарӣ дармеоварад. Аллан Котт соли 1975 дар китоби «Рўза равиши зиндагӣ» (Пост как образ жизни) овардааст, ки рўза заминаи истироҳати физиологиро барои датсгоҳи гувориш ва системаи марказии асаб фароҳам ва фаъолияти таҷдидии ҳуҷайраҳо – метаболизмро дар бадан ба эътидол дармеоварад.
Девид Синклейр ва ҳамкоронаш исбот кардаанд, ки дар замони имсок ва гуруснагӣ генҳои SIRT3 ва SIRT4, ки идомаи ҳаёти ҳуҷайраҳоро ба танзим меоваранд, хеле фаъол мегарданд.

пешина
аз 190
навбатӣ