Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Чакидаҳое аз таърихи рўза

Ҷустан ва талаби рўъяти ҳилол аз бегоҳи рўзи бисту нўҳуми моҳи шаъбон воҷиби кифоя аст.311 Бинобар ин, намояндагони расмии дин ва пешвоёни Ислом дар ҳар давру замоне барои он талош мекарданд. Суютӣ дар «Ҳуснулмуҳозара» овардааст: Аввалин касе, ки ба дидани ҳилоли моҳи Рамазон дар Миср баромадааст, қозӣ Ғавс ибни Сулаймон (в. 168 ҳ.) буда. Ҳамчунин гуфта шуда, ки Абдуллоҳ ибни Лаҳиқа аввалин қозии мисриест, ки дар минтақаи Ҷиза ба дидани ҳилол баромадааст.
Дар замони Ҳишом ибни Абўбакр аз пул гузашта, дар боғҳои Ибни Абўҳубайш ба рўъяти ҳилол мепардохтанд. Баъдҳо дар доманаи кўҳи Муқаттам дар назди ҷомеи Абуд дидбоне бо номи Дидбони қозиён сохта буданд, ки барои дидани ҳилол ба он ҷо мебаромаданд.312 ♣ Қуръони карим ба тановули хурмо, ба хусус дар аснои зоймон, тавсия намудааст, он ҷо ки ба Марям мефармояд: «Ва шохаи хурморо ба сўи худ такон бидеҳ, хурмои тозае бар ту мерезад, пас аз он бихўр ва бинўш ва хуш бош!».313 Расули Худо (с) ҳам дўст медошт, ки рўзаро бо чанд хурмои тоза ва ё хушк бикушояд ва ин амр ҳикматҳои зиёде дар худ дошта, ки илми тибби муосир порае аз онро кашф намудааст.
Озмоишҳои лабораторӣ нишон медиҳанд, ки ҳар сад грамм хурмо дар таркиби худ 65 мг калсий, 72 мг фосфор, 1,5 мг оҳан, 370,0 мг калий, 69,0 мг магний, 32,0 мг натрий, 20,0 г об, 2,5 г сафеда, 0,5 г равған, 69,2 г углевод (карбогидратҳо), 6,0 г нахҳои ғизоӣ, 0,3 г туршиҳои органикӣ, 1,5 г хокистар ва чанд дарсаде қандиҳо – глюкоза ва фруктоза дорад ва ин таркиботи минералии ишқорӣ меъдаро аз туршиҳои зиёд ва ҷисмро аз заҳрҳои пасмонда тоза мекунанд.

311 Фатҳу-л-қадир. – Ҷ. 2. – С. 318.
312 Ҳабаш Фатҳуллоҳи Ҳафновӣ, Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон. – С. 7, 8. – Искандария, 1989.
313 Сураи Марям, 19: 25, 26.

пешина
аз 190
навбатӣ