Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дар он фалсафа ва аҳкоми рўзаи моҳи Рамазон бар асоси мўътабартарин китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ барои хонанда пешниҳод гардида, дар танзими матолиб, тартиббандии мавзўот ва шеваи баёни маонӣ аз равишҳои муосири таълиф пайравӣ шудааст. Шоёни зикр аст, ки дар баъзе масоили муосири боб нуқтаназароти фиқҳии муҳаққиқони исломӣ ва маҷомеи илмии муосири ҷаҳони Ислом низ зикр гардидаанд, ки он ба китоб ламҳаи тозае бахшидааст.
Дар фарҳанги катбӣ ва осори тадвиншудаи исломӣ мероси гаронбаҳо ва таълифоти пурборе доир ба паҳлўҳои гуногуни рўза ва фалсафаи ин фаризаи илоҳӣ боқӣ мондааст, ки хеҷ хурду бузургеро дар ин замина фурўгузор накардаанд ва пас аз гузашти асрҳо ҳанўз ҳам марҷаи ягонаи маърифати аҳком ва тафсилоти масоили шаръ дар ин бора ба шумор мераванд. Вале мутолиа ва дарёфти масоил аз он китобҳо барои оммаи мардум, ба хусус дар замони мо, кори осоне набуда ва ин амр бузургон ва муҳаққиқони муосирро ба таълифи китобҳои гуногуне ногузир сохт, ки ба сатҳи маърифати динӣ ва истеъдодҳои зеҳнии мардум дар ин аср ҳамсозӣ дошта бошанд ва арзишҳои исломиро муносиб бо рўҳи аср пешкаши хонанда гардонанд.
Китоби ҳозир талоши хозеонае буда, аз ҳамин раҳгузар ба баёни масоил пардохтааст ва мавзўъро бар пояи меъёрҳои илмӣ ва то ҳадди имкон муносиб бо зарфиятҳои зеҳнии оммаи мардум мавриди баррасӣ қарор додааст.
Рўзаи моҳи Рамазон бар асоси ҳадиси «Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст…» пас аз намоз ва закот чаҳорумин рукни бинои Ислом ба шумор меравад ва ин китоби мустатоб ба тартиб силсилаи чаҳоруми таълимоти Ислом ва дар бораи рукни рўзаи моҳи Рамазон таълиф шудааст.

пешина
аз 190
навбатӣ