Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аз хонандагони арҷманд ва бародарони ҳушманд хоҳиш дорам, ки ба ин кори ниматамоми банда бо чашми ҳамкорӣ ва аз диди ҳамандешӣ бинигаранд ва ба хотири такмил ва беҳбуди мўҳтавои он дар нашрҳои оянда мулоҳазоти созанда ва назароти ислоҳии худро ба мо ирсол намоянд.

Раҳмати Ҳақ нисори хонанда,
Бар нависанда ва расонанда!

Ҷони хонандаро Худои карим,
Бираҳонӣ Ту аз азоби алим!

Ҳаркӣ аз мо кунад ба некӣ ёд,
Номи ў дар ҷаҳон ба некӣ бод!

Дар хотима аз тамоми бародарони арҷманде, ки дар омода сохтани ин китоб ба гунае бо мо ҳамкорӣ доштанд, ба хусус бародари гиромӣ Ҳоҷӣ Сафаралӣ Шарифзода, ки дар таҳия ва нашри он саҳми арзандаи худро гузоштааст, самимона сипосгузорӣ менамоям ва аз Худованди бузург комгорӣ ва сарфарозии онҳоро дар ду ҷаҳон хоҳонам!.

Муаллиф

пешина
аз 190
навбатӣ