Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бинобар ин, шахсе, ки танҳо қолаби берунии рўзаро риоя менамояд, вале аз мафҳуму мақсади он бехабар аст, рўзааш ҳеҷ нафъе барои ў надорад. Худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ ин танҳо ҷанбаи зоҳирии рўза мебошад ва он барои инсон дарс ва васила (механизм)-е ба шумор меравад, то аз тамоми аъмоли бад, рафтори ношоиста, гуфтори бемаъно ва ғайра худро нигаҳ дорад. Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар касе сухан (- он)-и дурўғ (тўҳматомез ва нописанд) ва ҳамчунин амал ба он (-ҳо)-ро тарк нанамояд, Худованд ниёзе ба тарки хўроку шароби вай (яъне ниёзе ба рўзаи вай) надорад».28 Дар ҷои дигар мефармояд: «Эй чи басо рўзадорест, ки аз рўза ба ғайри гуруснагиву ташнагӣ чизе насибаш нагаштааст ва чи басо шабзиндадорест, ки аз қиёми шабаш танҳо ҳамон бехобӣ насибаш гаштааст».29 Ҳамчунин он Ҳазрат (с) мефармояд: «Агар касе аз шумо рўзадор бошад, беҳудагию ғавғо ва дуруштӣ нанамояд. Агар касе ҳам ўро дашном диҳад ва ё ба ў ҷанҷол намояд, ба ў бигўяд: Ман рўзадор ҳастам…».30 Ҳамчунин мефармояд: «Рўза танҳо аз худдорӣ аз хўрдану нўшидан иборат нест, балки он худдорӣ аз лаҳву беҳудагӣ, бадрафторӣ ва носазогўиро низ шомил мебошад.

27 Саҳеҳи Муслим, 6490, 6491 (2565)-35, 6492, 6493 (…)-36.
28 Саҳеҳи Бухорӣ, 1903, 6057; Сунани Абўдовуд, 2362; Сунани Тирмизӣ, 707; Сунани Ибни Моҷа, 1689. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.
29 Сунани Ибни Моҷа, 1690; Сунани Куброи Насоӣ, 3249, 3333. – Ҷ. 2. – С. 239, 256. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.
Табаронӣ дар Мўъҷаму-л-кабир ҳадисе ба ҳамин маъно аз Ибни Умар (р) ривоят намудааст. (13413. – Ҷ. 12. – С. 292).
30. Қисмате аз ҳадиси муттафақун алайҳ аст. Саҳеҳи Бухорӣ, 1894, 1904; Саҳеҳи Муслим, 2697 (1151)-160, 2700 (1151)-163; Сунани Абўдовуд, 2363; Сунани Насоӣ, 2215, 2216. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.

пешина
аз 190
навбатӣ