Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Яъне ҷомеае ба вуҷуд омада буд, ки барои татбиқи ормонҳои олии башарӣ ва ҳимояи арзишҳои илоҳии Ислом ҳамаҷониба омода буд. Бинобар ин, тавонист муҳимтарин рўйдодҳои сарнавиштсозро дар таърих ба номи худ сабт намояд.
Нузули ваҳйи илоҳӣ ва ҳамин тавр рисолати Паёмбари Ислом (с) 13 сол пеш аз ҳиҷрат дар шаби бисту ҳафтуми моҳи Рамазон рўзи душанбе, ки ба 19-уми августи соли 610 милодӣ рост меомад, оғоз шудааст. Ин таърих бар асоси солшуморӣ ва сабти ҳаводиси таърихӣ дар назди арабҳо дар даврони ҷоҳилият ба соли 41- уми ҳодисаи фил мутобиқ буд.49 Рўзаи моҳи Рамазон соли дуюми ҳиҷрӣ – 17-18 моҳ пас аз ҳиҷрат ва як моҳ пас аз таҳвили Қибла дар моҳи шаъбон фарз гардидааст ва аввалин Рамазоне, ки мусалмонон рўза доштаанд, ба рўзи якшанбе – аввали моҳи Рамазони ҳамон сол, мувофиқ ба бисту шашуми феврали соли 624 милодӣ рост меомад. Паёмбари акрам (с) нўҳ сол рўзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифтааст, ки панҷ соли он бисту нўҳ рўзӣ ва чаҳор соли он сӣ рўзӣ будааст.

49 Соли фил (ому-л-фил) соле аст, ки Абраҳаи Ҳабашӣ барои вайрон кардани хонаи Каъба бо филони ҷангӣ ба сарзамини Ҳиҷоз ва шаҳри Макка лашкар кашид ва бар асари ҳамлаи селаи паррандагони абобил, ки сангҳоеро бо номи сиҷҷил (санггил) ба сари онҳо партоб намуданд, ба шикаст рў ба рў шуд. Қуръони карим ин ҳодисаро дар сураи «Фил» зикр намудааст. Ин ҳодисаи таърихӣ ба гуфтаи аксари таърихнигорон соли 570 милодӣ – як сол пеш аз таваллуд ва чиҳилу як сол пеш аз рисолати Паёмбари акрам (с) ба вуқўъ пайвастааст.
Ғазои Бадр, ки ба пирўзии лашкари тавҳид ва шикасти сипоҳи куфру ширк хотима ёфт, ҳабдаҳуми моҳи Рамазони ҳамон соли дуюми ҳиҷрӣ дар рўзи ҷумъа мувофиқ ба сездаҳуми марти соли 624 милодӣ ба вуқўъ пайвастааст.
Худованд мефармояд:

«Худованд, воқеан ҳам, шуморо дар (ҷанги) Бадр нусрат дод, дар ҳоле ки нотавон будед. Пас тақвои Худоро дошта бошед, то шукри Ўро ба ҷой оваред».50 Фатҳи Макка низ рўзи бистум ва ё бистуякуми моҳи Рамазони соли ҳаштуми ҳиҷрӣ дар рўзи ҷумъа мувофиқ ба соли 630 милодӣ ба вуқўъ пайвастааст, фатҳе, ки пойгоҳи ширку бутпарастиро комилан аз байн бурд ва сарзамини Арабро аз вуҷуди бутҳо пок сохт ва ба ҷои он ибодати Худои ягонаро побарҷой намуд.
Ислом дар моҳи Рамазони соли даҳуми ҳиҷрат дар сарзамини Яман интишор ёфт. Фатҳи кишвари Андалус (Испанияи имрўза) низ бо фармондеҳии Ториқ ибни Зиёд дар моҳи Рамазони соли 92-юми ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 711 милодӣ ба итмом расидааст. Ғайр аз инҳо Худованд ҳаводиси таърихии зиёдеро дар ин моҳ ба нафъи мусалмонон ба амал баровардааст. Зеро нусрату кўмаки Худованд ба покизагиву сафои нафсҳо сахт вобастагӣ доранд ва айёми мубораки моҳи Рамазон фурсати полоиш ва сафобахшии нафси инсон мебошад, ки ҳатман насру пирўзӣ, хайру баракат ва навозишҳои бепоёни илоҳиро барои ў ба армуғон меоварад. Айёми босафои моҳи Рамазон лаҳзаҳои гуворое мебошанд, ки дилҳо дар он ба сўи Парвардигори замину осмон ба тапиш дармеоянд ва ҳама чизро аз ҷониби Ў медонанд.

50 Сураи Оли Имрон, 3: 123.

пешина
аз 190
навбатӣ