РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Банда бо дуъои хеш бо сидқ ва аз самими қалб аҷзу бандагии худро эълон менамояд
ва дуъое, ки аз чунин диле бархоста бошад, ҳатман ба
иҷобат наздик аст. Барои сафои рўҳ, ҳузури дил ва дуъои холисона моҳи Рамазон, ба хусус даҳаи ахири он ва
шаби пурфайзи Қадр вақти муносибе мебошад. Барои
ҳамин Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Дар назди Худои таъоло ҳеҷ чизе боарзиштар аз дуъо нест» ва дар
ҷои дигар мегўяд: «Дуъо ибодат аст».75
Оҳи ту шамъ асту ашкат шакар аст,
Шамъу шакар расми ҳарҷойӣ фирист.
Ҳар саҳаргоҳаш дуъои сидқ рон,
Пас ба сӯи Арш фарсое фирист!
(Хоқонӣ, Девони ашъор)
Эҷоди сабукии дигар
дар шабҳои моҳи Рамазон
Пас аз он Худованд ба баёни қисмати дигаре аз аҳкоми рўза мепардозад. Чӣ тавре аз мафҳуми ин оят бармеояд, дар ибтидои фарзияти рўза шахсони рўзадор танҳо дар миёни шому хуфтан, яъне аз фурў рафтани офтоб то гузоштани намози хуфтан ва ба хоб рафтанашон фурсати ифтор кардан ва баровардани ниёзҳои ҷисмиашонро доштанд. Пас аз хуфтан рўзаи рўзи оянда шурўъ ва то шоми дигар идома меёфт.
Дар ривоятҳои суннат тафсили бештаре доир ба ҷузъиёти мавзўъ ва ҳамчунин сабаби нузули ин оят омадааст. Ибни Аббос (р) мегўяд: «Дар ибтидои фарзияти рўза хўрдану нўшидан ва наздикӣ бо занон пас аз намози хуфтан то ифтори шаби дигар барои рўзадорон мамнўъ буд. Баъзе мусалмонон, аз ҷумла, Умар ибни Хаттоб пас аз намози хуфтан таом хўрданд ва ё бо занонашон омезиш намуданд.
75 Сунани Абўдовуд, 1479; Сунани Тирмизӣ, 3370, 3372.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё