РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ростӣ, Қуръони карим дар даврони мадании даъват, ки ба даврони рехтани пояҳои аҳкоми Ислом ва муайян гардидани фарзҳо ва рукнҳои он шинохта шудааст, мардуми мусалмонро бештар бо садои дилнишин ва бонавозиши: «Ё айюҳа-л-лазина оманў» (Эй бандагони мўъмин, Эй мардуми имондор ва Эй касоне, ки имон овардаед) хитоб менамояд. Ин шеваи хитоб баёнгари он аст, ки мусалмонони мавриди назар дар он лаҳзаҳо аз лиҳози маърифатнокии динӣ, огоҳиҳои имонӣ ва шинохти арзишҳои исломӣ ба сатҳи баланди фикрӣ ва эътиқодӣ расида ва шоистагии ин нидои бонавозиши Худовандро дар худ пайдо карда буданд.
Вақте Худованд онҳоро бо садои ошнои: «Эй касоне, ки имон овардаед» нидо менамояд, мўъминони огоҳу фаҳмидаеро мавриди хитоб қарор медиҳад, мўъминоне, ки аз ҳар лиҳоз омодаи қабули фармудаҳои Ў пас аз нидо мебошанд. Ин нидо дар зимн маънои «Эй бандагони бомаърифат ва огоҳ»-ро низ дорад. Ин садои малакутии Худованд барои онҳо маънус ва ба дилҳояшон наздик буд. Онҳо ниҳояти лутфи илоҳиро дар ин садои дилнавоз эҳсос мекарданд, ки Худованд аз миёни доираи офариниш онҳоро баргузидааст.
Дигар ин нидои он давроне нест, ки ба мардум роҳи худошиносӣ ва нишонаҳои қудрат ва ҳикмати Ўро биомўзад, ғуборҳои рўи фитрати инсонро бизудояд ва ба афкори вай бедорӣ бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё