РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Бо ин ҳол вақте ният кунад, ки агар Рамазон бошад, рўзаи фарз дорам ва илло рўзаи нафл ва зоҳир шавад, ки он рўз аз Рамазон буда, аз Рамазон ба шумор ояд.
Ҳамчунин рўза доштани рўзҳои иди Рамазон ва Қурбон ва рўзҳои ташриқ манъ аст. Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с): «Аз рўза доштани рўзҳои иди Рамазон ва Қурбон наҳй намуд».169 Расули Худо (с) дар бораи рўзҳои ташриқ, яъне се рўзи дигари иди қурбон мефармояд: «Айёми ташриқ рўзҳои хўрдану нўшидан ва зикри Худои таъоло мебошанд».170 Паёмбар (с) ҳамчунин аз рўзаи висол наҳй намудааст. Рўзаи висол он аст, ки шахсе бе ифтор ва саҳарихўрӣ чанд рўз пайваста рўза бигирад. Паёмбар (с) худаш рўзаи висол мегирифт ва баъзе саҳобагон бо пайравӣ аз он Ҳазрат (с) рўзаи висол гирифтанд. Он Ҳазрат (с) онҳоро манъ кард ва фармуд: «Рўзаи висол нагиред. Гуфтанд: Ту (худат) рўзаи висол мегирӣ!? Гуфт: Ман мисли шумо нестам, балки ба ман таом ва шароб дода мешавад ва дар ривояте омадааст: Маро Парвардигорам мехўронад ва менўшонад».171 Дар ривояти Абўсаъид (р) омадааст: «… Агар касе аз шумо рўзаи висол доштан бихоҳад, пас то саҳар висол намояд».172 Пас маълум мешавад, ки агар касе бихоҳад, метавонад то саҳар рўзаи висол бигирад, яъне бегоҳ ифтор накунад ва рўзаашро то замони саҳарихўрӣ идома диҳад.
169 Муттафақун алайҳ аст; Саҳеҳи Бухорӣ, 1991; Саҳеҳи Муслим, 2669 (827)-140.
170 Саҳеҳи Муслим, (1141)-144; Муснади имом Аҳмад, 20741. – Ҷ. 5. – С. 75.
171 Саҳеҳи Бухорӣ, 1922, 1961, 1962, 1964, 1965, 1967. Ин ҳадис аз Анас (р), Абдуллоҳ ибни Умар (р) ва Оиша (р) ривоят шудааст.
172 Саҳеҳи Бухорӣ, 1963, 1967.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё