РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Маърифат
Аз аввал хондан- Давое ба димоғаш бирасад.
- Ба гумони ин, ки субҳ ҳанўз надамидааст, саҳарихўрӣ намояд ва баъд маълум шавад, ки гумонаш дуруст набудааст.
- Ба гумони ин, ки офтоб ғуруб кардааст, ифтор намояд ва баъд ошкор гардад, ки гумонаш хато будааст. Аз Асмо духтари Абўбакр (р) ривоят шудааст, ки:
«Дар замони Паёмбар (с)(дар моҳи Рамазон) дар рўзи абрие ифтор кардем, ки ногоҳ офтоб баромад. Аз Ҳишом, ровии ҳадис пурсида шуд, ки: Оё ба қазои он рўз амр шуданд? Гуфт: (Ҳатман), қазо зарурӣ аст».178 8. Ғуборе ва ё ҳашаротеро қасдан ба ҳалқаш фурў барад. - Бо даҳони пур қай намояд.
- Иҷборан бихўрад ва ё биёшомад, яъне ба таври маҷбурӣ хўронида шавад.
- Бо даст ва ё чизе истимно кунад.
- Кандан ва ё дору кардани дандон дар рўзҳои моҳи Рамазон дар зарурат ҷоиз мебошад, вале бе зарурат кароҳият дорад. Доруе, ки барои кандан ва ё таскини дард ба дандон мекунад ва ҳамчунин хуне, ки бо кандани дандон берун меояд, вақте бо оби даҳон баробар бошад ва ё аз оби даҳон бештар буда, бар он ғолиб бошад, агар ба ҳалқаш фурў равад ва ба шикамаш бирасад, рўзаашро фосид мегардонад. Ҳамчунин, агар баробарӣ ва ё ғалабаи онро нафаҳмад, вале маззаашро ҳис намояд, бо фурў рафтани он ба ҳалқаш рўзааш фосид мегардад ва бар вай қазои он рўз воҷиб мебошад.
Худи он рўз низ бояд аз хўрдану нўшидан ва дигар мамнўоти рўза худдорӣ намояд.
Дар ғайри ҳолатҳои номбурда барои рўза ҳеҷ боке надорад. Дар ҳолатҳои боло низ агар доруоба ва хунобаи ба ҳалқаш фурў рафта ба андозае кам бошад, ки ба эҳтимоли зиёд ба шикамаш намерасад, рўзааш зараре намебинад.
178 Саҳеҳи Бухорӣ, 1959; Сунани Абўдовуд, 2359.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё