Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя

ЗАРРАҲОИ ОДАМИЯТ

Ҳоло адабиёти мо масъалаи одамиятро, масъалаи инро, ки инсон чӣ гуна бошад ва муомилаи байни мардум бояд ба чӣ принсипҳое асос ёбад, ҳамаҷониба муҳокима карда истодааст.
Баҳром Фирўз яке аз ҳамон нависандагонест, ки дар сари ин масъала бисёр фикр мекунанд. Асарҳои Баҳром Фирўз пур аз фикру мулоҳизаҳост ва моро, хонандагонро низ водор месозад, ки баробари ў фикр кунем, масъалаҳои муҳимеро аз қабили ин ки одам кист ва одамгарӣ чист, ҳаматарафа ба мулоҳиза гирем.
Лекин Баҳром Фирўз мулоҳизаҳои худро батафсил баён намекунад. Дар асарҳои ў андешаву мулоҳизаҳои дуру дароз ба назар намерасанд. Вай мақсади худро бо қувваи тасвир ба даст меорад: дидаву шунидаҳояшро як-як нишон медиҳад ва мо аз ин тасвирҳои ў ба фикр меравем, хулосаҳо мебарорем.
Ҳар як асари бадеӣ, хусусан асарҳоеро аз қабили ҳикояҳои Баҳром Фирўз хеле бодиққат хондан лозим аст. Назари ў дар мушоҳидакорӣ баъзан нозук меравад ва хислатҳои инсонии қаҳрамон ё ноодамии ўро нозук ба мушоҳида гирифта, ба назари мо намоён мекунад.
Инак, ҳикояи «Омаду рафт» (1979). Дар ин ҳикоя, чунонки ҳоло дар бисёр асарҳои нависандагон мебинем, қаҳрамон дар дами марг нишон дода шудааст. Усто Равшан дар бистари марг баъзе лаҳзаҳои зиндагии худро аз назар мегузаронад, феълу атвори баъзе касонро фикр мекунад. Аз ин мулоҳизаҳо мебинем, ки тамоми зиндагии ў бо меҳнати ҳалол, бо некукорӣ гузаштааст. Лекин барои фаҳмидани ин, ки усто Равшан чӣ касест, чанд гуфтаи вай, хусусан охирин сухани ў муҳим аст. Охирин сухани ў ин буд, ки канда-канда гуфт: «Хоб дидам... асп маро гирифта... андохт... аз қисмат ҷои гурез нест... Афсўс, ҳаво носоз омад...» Чунонкӣ мебинем, қаҳрамони нависанда дар дами вопасин афсўс мехўрад, ки «ҳаво носоз омад». Вай аз поён ёфтани умри худ афсўс намехўрад, аз ин ки умраш бо меҳнат гузашт ва чунонкӣ занаш гуфт, ҳанўз аз фарзандон роҳат надидааст - аз ин дар ҳасрат нест, балки дар ташвиш аст, ки «ҳаво носоз омад» ва мардум барои гўронидани ў азоб хоҳанд кашид. Усто Равшан дар дами марг ҳам ғами дигаронро мехўрад.
Чунин аст услуби Баҳром Фирўз. Вай ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни фикру ҳисси қаҳрамон чашми диққат медузад, гоҳ нозуктарин нишонаҳои феълу атвори инсонро аз назар мегузаронад, аз ҳар кадоми онҳо як маънӣ мекашад. Мо ҳам аз асарҳои ў беҳтар фаҳмидани маънои рафтору гуфтори одамонро ёд мегирем. Ба рўйдодҳои оддӣ, ба ҷузъиёти хурд, ба падидаҳои ноаёни феълу атвори инсон бодиққат нигоҳ кардани нависанда боис мегардад ки мо, хонандагон низ ба муҳит, ба мардумони атрофи худ бодиққат нигоҳ мекардагӣ мешавем, дар фаҳмидани маънои зиндагӣ ва одамию ноодамӣ чашми мо бинотар, ақли мо гиротар мешавад.

аз 91
навбатӣ