Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баҳром Фирўз аввалҳо шеър мегуфт ва фақат аз оғози солҳои ҳафтод ба наср гузашт. Ман ўро ба сифати насрнавис аз ҳикояи «Бобо», ки соли 1970 навишта ва соли 1972 чоп шуда буд, мешиносам. Ин ҳикоя зуд диққати ҳонандагон ва нависандагону мунаққидонро ба худ кашид. Мушоҳидакорӣ ва нозукбинии ў аз ҳамин ҳикоя маълум буд.
Нависанда дар ин ҷо як кўдак ва бобои пиронсоли ўро тасвир кардааст, ки ҳарду ба деҳа равонанд. Сўҳбати бобову набера дар роҳ, манзараҳои кўҳсор ва ғайра, ки дар ин ҳикоя тасвир шудааст, аксаран гўё чизи оддист:
гуфтугузори одатӣ ва манзараҳои муқаррарӣ мебошад. Лекин дар ҳақиқат як порча аз зиндагии бисёр аҷиби мардуми мо дар ин ҳикоят тасвир шудааст. Кўдак дар ҳар қадам чизе аз аҷоиботи зиндагии одамон ва ҳайвонот мебинад ё мешунавад. Гоҳ медид, ки «қуллаҳо чун сутун ба китфи ҳуд осмонро бардошта истодаанд» ва «дилашро ваҳм зер мекард», гоҳ аз бобо ҳикоятҳои аҷибе дар бораи гургон мешунавид. Кўдак бо ҳайрату тааҷҷуб барои худ аҷоиботи табиатро кашф мекунад ва мо ба кунҷковӣ, ҳайрату тааҷҷуб ва ҳиссиёти баланди ин кўдаки хурдсол мафтун мешавем.
Нависанда просесси мураккабе - просесси аз тарафи як кўдаки зираку ҳассос кам-кам кашф шудани асрори зиндагиро ба тадқиқ гирифтааст ва бо ҷузъиёти аҷиби психологиаш ба мо нишон додааст. Образи бобо ин пиракии пурдидаву пурдон ва коркуфта низ ҳар лаҳза дар пеши чашми мо намоён мегардад.
Баҳром Фирўзро нависандаи маишатнигор ва услуби ўро услуби маишатнигории иҷтимоӣ гўем, шояд саҳв нашавад. Диққати ў ба зисту маишати мардум равона гардидааст ва гоҳ онро бо майдатарин падидаҳояш мебинад, бо дақиқназарӣ ба мулоҳиза мегирад. Аз хондани ҳикояҳои ў чашми мо ҳам ба хурдабинӣ одат мекунад, фикри мо ҳам дар сари моҳияти он ҷузъиёти ночизи маишат ба ҷавлон меояд ва дар роҳи дарки маънои ҳодисаҳои зиндагӣ фаъол мешавад. Майдатасвирӣ дар аксари ҳикояҳои маҷмўаи «Ҳақиқати талх» (1981) шакли асосии ифода шудани нозукбинии ҳассосонаи Баҳром Фирўз буда, барои инкишофи қобилияти мушикофии хонанда, барои такон додани фаъолиятмандии иҷтимоии вай иқтидор дорад.
Тасвирҳои Баҳром Фирўз дар ҳикоя аксаран вусъат надоранд. Вай бештар воқеаҳои хурдеро мегирад, ки аз талотум маҳрум буда, як гўшаи зиндагиро андак равшан мекунанду бас. Вале ин гап чунин маънӣ надорад, ки ҳикояҳои ў каммазмун мебошанд. Қалами ў ҳоло чунин иқтидор пайдо карда истодааст, ки аз резапораҳои зиндагӣ маънои муҳимме бароварда, пеш аз ҳама, одамиятро устувор мекунад. Ҳам пирамарди нотавони ҳикояи «Бобо» ва Усто Равшане, ки дар бистари марг аст, ҳам Комил-полвони ҳикояи «Гуштигирӣ» (1974), ки номардию нотандеҳии шогирдаш Сангинполвонро боиси сархамии худ донист, ҳам сарнавишти Сабои ҳикояи «Оғоз»
(1979), ки бо вуҷуди номуродиҳо ҳиссиёти олии инсониро аз даст надодааст ва дигарҳо аз худ сифатҳои баланди инсонӣ зоҳир намуда, моро водор месозанд, ки дар сари баъзе масъалаҳои зиндагӣ, дар хусуси одаму одамият ба андеша равем. Қаҳрамони хурдсоли ҳикояи «Ҳақиқати талх» (1976) сагчаи дўстдори худро ба чўпоне фурўхт, то ки саги калони чўпонӣ шавад, аммо чун падар ўро сахт коҳиш кард, ки фақат «нокас дўсташро мефурўшад», ин ҳасрат як умр дар дилаш монд ва ин сухан дар гўши хонанда ҳам садо дода сахт менишинад.

пешина
аз 91
навбатӣ