Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бар зидди босмачиён, сониян, ба муқобили дуздону авбошон мубориза мебурду тартибот ҷорӣ мекард. Аммо намедонистам, ки вай бо тарбияи авлоди навраси мо ба ин дараҷаи ҷиддӣ машғул аст ва бино ба нақли Мирзошариф Раҷабов мубориза бар зидди бепарастории бачагон қисми хеле муҳими кори вай буд.

Овози сардори шӯъбаи милиция паст буд. Ӯ оромона сухан мегуфт. Даст намеҷунбонд. Мисли муаллимони мо дар синф қадам намезад. Ба ину он чашм намедӯхт. Қиёфаашро тағйир намедод. Ҳоло ӯ ба нақли таҷрибаи як нафар тарбиятгари ятимхонае гузашта буд, ки зиёда аз бист нафар ноқобилони гузароро гапдаро кардааст.

— Хуни ҷигар шудан лозим аст, то хулқу атвори ҳар бачаро, ки тарбия мекунӣ, биомӯзӣ ва ӯро ба роҳи хостаи худ дарорӣ. Аммо вақте ки одам муҳиммии ин корро мефаҳмад, мефаҳмад, ки ояндаи одамӣ, бинокорони бинои бахти башарро тарбия мекунад, аз роҳату фароғат, аз заруртарин кору бори зиндагонии шахсии худ ин корро авло медонад ва тамоми буду вуҷудашро ба он мебахшад. Ленин ба мо дар ин бобат ҳамин гуна таълим дода буд.

«Худи ӯ як нафари ҳамонҳост» аз дил мегузарондам ман.

Мирзошариф Раҷабов саҳл кам як соат сухан кард. Дар ин дарси иловагӣ, ки муаллимаш ҳатто тезиси гуфторашро надошт, мо на хастагиро ҳис намудему на ҳавои гармро. Ҳама ин сарбози милицияро шунидем ва фаромӯш кардем, ки рӯз рафта, офтоб ба ғуруб наздик шудааст. Чун ӯ узрхоҳӣ намуд, ки монандӣ шогирд дар ҳангоми имтиҳон ба савол ҷавоби босавоб гуфтанӣ шуда, ноҷоиз сухани бисёр мегӯяд, ҳама баробар гуфтем, ки мо ӯро шавқмандона шунидем.

Боз ягон ним соати дигар сардори шӯъбаи милиция ба саволҳоямон ҷавоб доду мо ӯро то кӯчаи калон бароварда гуселонидем.

Аз миён шаш соли дигар гузашт, то ман ба сӯҳбати дуюми Мирзошариф мушарраф шудам. Он вақт акнун ман аз муаллимӣ ба кори матбуот гузашта, корманди газетаи шаҳриамон «Большевики Хуҷанд» шуда, ба воситаи яке аз устодонам нависанда Ҳаким Карим бо писари М. Раҷабов — Зариф Шарифович Раҷабов, Дунган — дӯсти қарин шуда будам, ки дар ин бобат дар

пешина
аз 447
навбатӣ