Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
онҷой тӯраро мешинохтаасту «ҳой мардум, аввал бердиашро нашурида, як муллои мадраса хатм кардагиро накушед» — гуфта аз миёни оламон берун оварда ба фойтун шинонда ба шаҳр мегурезонад. Валихон ҳам ӯро бад мебинад. — Ӯ муаллими мактаби кӯҳнаро мегуфт, ки ман дар ӯ хонда будам. — Мегӯянд, ки вай ба тӯраи бечора донаи мияи хар хӯронда телбанамо карда мондааст.
— Не, дуппа-дуруст. Ақлашон дар ҷояш, — оҳ кашидам ман. — Аммо...
— Чӣ аммо? — Устоҳайдар кафши ба қолиб кашида истодаашро аз рӯи зону гирифта, ба кундаи дӯзандагӣ гузошт. — Касалашон сахт-мӣ?
— Он қадар ҳам нею лекин гуфтанд, ки акнун ба даргирӣ набиё. Дар мактаби нават хондан гир. Ҳамаи илму дониш дар ҳамон ҷо. Дадоям ба ин гапҳо бовар накарда, дина худашон ба пеши мударрис рафтанд.
Он кас боз ҳамон гапро гуфтаанд.
— Тӯра одами ғанимат, — такрор намуд Устоҳайдар. — Донишманд-дия. Пешомадро медонад. Медонад, ки акнун на алҳам кор медиҳаду на «язрибу ло тазриб». Илми нав кор медиҳаду ҳунар. Ту соҳиби ҳардуяш мешавӣ. Ҳам босавод, ҳам ҳунарманд. Саҳл намегузараду такгири нағз мешавӣ. Аммо ман шарт мондаам. Ба ман газетаву китоб хонда медиҳӣ. Аз китобҳои худамон, медонӣ, ман кадомашро нағз мебинам? Латифаҳои Насриддин Афандӣ, Ҳотами Той, «Калила ва Димна», Хоҷа Ҳофиз. Ту аз ягон ҷо дарак карда китоби Хоҷа Камолро ёфта метавонӣ? Афсус! Ба як ошноям як самарқандӣ-мӣ, ӯротеппагӣ-мӣ, ваъда кардааст, ки ёфта диҳад. Ман гуфтам, ки агар ёфта биёрад, ба муздаш як ҷуфт ба худаш, як ҷуфт ба занаш кафши амиркони «кулинг ӯргулсун» дӯхта медиҳам. Аз гуфти Тӯрадомулло ҳамин Хоҷа Камол аз Хоҷа Ҳофиз ҳеҷ мондагӣ надоштааст. Ту ба пеши Зӯлобӣ рафту омад мекунӣ? — пурсид Устоҳайдар.
— Аз вай китоб гирифта мехонам.
Зӯлобӣ, намедонистам чӣ маъно дорад. Лақаб ё номи як ӯзбеки мусофир буд, ки хизмати имому сӯфиро дар масҷид, мударрису муллобачагонро дар мадрасаи Нақиб карда, обро аз ин ҷову донаро аз он ҷо хӯрда, умри фақирона ба сар мебурд. Сонияҳо баъди фавти ин марди бе касу кӯй фаҳмидам, ки ӯ яке аз намояндагони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё