Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳай мефишорад — мефишорад, ки гумон мекунам ин дафъа мурдам. Ҷони одам аз санг не. Рӯзаш буд шуда монад, тараппи ғалтида немураду бехабар мемонад. Ту аз ҳама пеш ба мактаби нав рафтӣ. Лекин дар мадраса дарсгириро ҳам тарк накардӣ. Писанди мударрисӣ.

Хӯш, акнун ин дебочаи ӯ барои чӣ бошад,— аз дил мегузаронидам.— Баъзеҳо мегӯянд, ки Зӯлобӣ нағз нахӯрдаву напӯшида пулҳояро тилло карда, ба ягон ҷо гӯрондагӣ. Ин марди бе ёру диёр ягон рӯз немураду он қадар тилло ба зери хок монда меравад. Оё ӯ ҳозир ягон хумчаи тиллоро ба ман васият намекарда бошад?

Зӯлобӣ гӯё аз хаёли хоми ман пай бурд, ки ба қаҳри чашмонам чашм дӯхт.

— Даҳони дурӯғгӯро бастан мушкил, писарам. Беҳуда овоза мекунанд, ки ман тилло дорам. Хайрият, замони пештара ё вақти босмачиҳо не. Набошад, шабона ба хонаам зер карда омада, ба гулӯям корд монда, тиллоҳоятро ёфта деҳ гӯянд, чӣ мекардам? Тилло куҷо мегӯӣ! Аз хӯроку пӯшок як танга оқибандоз кунам, китоб харидам. Бисёр китобҳои барои ин замона нодаркор ба фурӯш нарафта, ба гардани худам фуромада, пулашро базӯр соф кардам. Ноширҳо китоби фиристодаашонро баргашта намегирифтанд. Ба ҳамин минвол, ин қадар китоби ҳам бебаҳо, ҳам бехаридор ҷамъ шудааст. Агар ту розӣ шавӣ, ҳамаи онҳоро васият мекунам, ки баъди сари ман моли ту бошанд. Васиятро ду пусха бо дасти худам навишта, яктояро ба амини маҳалла, дигарасро ба ту медиҳам.

Хурсандии ман ҳадду поён надошт. Китобҳои Зӯлобӣ як китобхонаро пур мекарданд. Аз сарам чун барқ чунин хаёл зуд даргузар шуд: «Ҳамаи инро дар куҷо ҷо мекунӣ? Дар як хона чор тан умр ба сар мебарем. Падар, модар, ман ва хоҳарам. Тоқчаҳо, ҳатто равоқи меҳроби хонаамонро аз сандӯқчаю кӯрпачаҳо холӣ кунем ҳам, китобҳо ҷо ба ҷо намешаванд. Ба ҳуҷраи мадраса барам чӣ? Аз он ҷо медузданд. Апа айнан дар чунин ҳолат гӯянд, ки «гадо бор ёфту ҷоғаҳ не». Зӯлобии зирак боз паямбарона аз андешаи ман огоҳ шуд, ки гуфт:

— Бор бошад, ҷоғаҳ ҳам ёфт мешавад. Ғами ҷокунии онҳоро нахӯр. Ба рӯи суфачаи дӯконатон қатор

пешина
аз 447
навбатӣ