Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
хайриро ҳам нағз мебинам. Одам касбашро нағз бинад, ҳамин хел мешавад, — усто лаб газида як абрӯи камонвор қаҷашро болою дигарашро поён кашида чарм мебурид. — Лекин мо бечораҳо тахтнишин бошем ҳам, ба духтарони нозуктабъ маъқул не. Ту афсонаи духтари савдогару писари кафшдӯзро шунидай? Дадоят нагуфтаанд-дия? Надонӣ, шунав. Як духтари соҳибҷамолу нозукниҳоли савдогаре хостгорҳои бисёрро гардонда мефиристодааст. «Ман ба ҳамин хел ҷавон мерасам, ки ба сандалӣ шишта кор кунад» — мегуфтааст. Писари шоҳу вазир, савдогару мулло рафту ба курсӣ шинад ҳам, охир меҳнат намекунад. Ниҳоят кофта-кофта як кафшдӯзро ёфтаанд, ки ба сандалича шишта меҳнат мекунад. Рафта гуфтаанд, ки ёфтем. Дар фалон кӯча, дар фалон дӯкон кор мекунад. Духтар шавҳаршавандаашро диданӣ шуда, ба боми дӯкон мебарояду аз тобдон йигитро мебинад. Ӯ ба вай маъқул шуда, акнун рафтабудааст, ки йигити ғофили аз парида омадани мурғи бахт бехабар, ширешкосаи гирдогирдаш қалоқбастаро гирифта, ба вай лелак зада, аввал хуб аралаш карда, ба таки кафш мемолад. Табъи ойим хира шуда ихлосашро аз сандаличашин гашта гирифта, лабашро бурма кардааст. «Шумо кӯрхаридорҳо ба ман чи хел шӯй ёфтатон, ки девонаи таппа-тайёру гандагиашро ба коса андохта салоя карда нишастааст» — дӯғ задааст духтар. Кори моро ана ин хел ҳам наҳ мезананд. Аммо ягон-тон он паризодҳо ягон зимистонро бе кафши мо гузаронида бинад чи!..
Усто сухан мегуфт ман ба кораш зеҳн мемондам. Ӯ ягон порчаи чармро беҳуда ба резаву пора набароварда, даҳ ҷуфт рӯи кафшро аз он чарм бурид. Баъд аз ду мешни хамирвор нарм барои ҳаман онҳо астар тахт кард. Онҳоро ба ҳам мувофиқ памуда, ҷуфт-ҷуфт гузошт ва ба сари чарҳ нишасту маро ба чархкашӣ андохта, ду белча, ду корд ва як бигизи шикастаро тез намуда, ба дастакуррӣ даромад.
Дастаки кафшҳое, ки мо медӯхтем, аз ду қабат чарми ба ҳам дӯхта васлшуда иборат буд, ки дар байнаш охӯрчӯб дошт. Буридану тарошидан, ба он бо ширеш латтаҳо часпонда пашикаста байни чармҳои дастак гузоштан, коре буд басо нозук ва душвор. Ғайр аз ин, барои тез хӯрдаю побуд нашудан, ба чарми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё