Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Ҳой ба ман нигаред, дар хоби шабатон башорат гирифта, саводнок шуда хестед ё аз таваккал ин шеърро хондеду тӯғрӣ омад?
— Башоратро ба ман ана ҳамин йигитча дод, — ҷавоб гуфт Устоҳайдар бо ифтихор.— Дар хоби шабам не. Ҳар рӯз баъди кор ду моҳ хондаму саводам баромад. Бовар накунед, боз хонда диҳам.
— Мани бечора барои як хатнавису хатхон шудан шӯри девори мактабхонаро чи қадар лесида будаме!... Ҳафт сол! Худи ҳафтяки сабилро як сол хондаму маънии як калимаи вайро ба қасам хонис намедонистам. Ана акнун бинед, ки бачаҳо не, каппа-калон одамҳо ҳам ду-се моҳ хонда бо хату савод шуда истодаанд. Аз қудратат гардам, худо!
— Аз қудрати Ленин гӯед, — ногаҳон усто меҳмонро дар ҳарос мононд. Ӯ шунавам-нашунавам оҳиста «тавба» гуфта монду дар дӯкон хомӯшӣ ҳукмфармо шуд.
— Усто ҳам большевик шудааст, гуфта натарсед, — хомӯширо бартараф намуд усто. — Алҳамду лиллоҳ ман мусулмон. Аммо агар гапи рӯстро пурсед, инқилоб намешуд, ягон мусулмон дар ду-се моҳ хатхону хатнавис намешуд.
— Албатта, ин гапи дигар, — мад кашид меҳмон ва даҳон инҷ намуда, ба расми Ленин ишорат намуд. — Ихлосатон, ба хаёлам, ба ӯ ҷудо калон барин?
— Ман ба ягон эшон ё муллои забардаст ин қадар эътиқод накардам, ки ба Ленин кардам, — гуфт Устоҳайдар. — Ман аз мардикорӣ ҷаҳондида шуда омадам. Оламу одами бисёр дидам. Як гала китоб хононда шунидам. Ман намегӯям, ки ҳамаи он китобҳо бе муҳоботу бе дурӯғ. Лекин ягон подшоҳи аз Ленин дида одилу фуқаропарвар пеш ҳам набуду ҳозир ҳам нест. Равед ки баъди вай ҳам намешавад.
— Гапатон бе дард не. Аммо охир...
— Чӣ охир?
— Мегӯянд, ки большевикҳо мункири худою расул. Ленин саркардаи вайҳо.
— Исо ҳам ба роҳи худашу Мӯсо ҳам, — дурустии ихлосашро таъкид мекард Устоҳайдар.— Ҳамаи бойҳои дунё, кӣ ӯро бад мебинанд, тӯҳмат мекупанд.
Меҳмон дигар гап нагардонд ва лаҷоми суханро ба тарафи дигар тофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё