Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз бозори донаву ғалла як каф мош, гандум, биринҷ, арзан, ҷуворӣ, аз бозори сабзавот сабзӣ, пиёз, лаблабу гадой мекарданду оварда ба кӯзаҳои сафолӣ андохта об пур мекарданд ва ба даруни хокистари гарм — кӯри гӯ- лахи ҳаммом мехалиданд. Дами гарме ки дар кӯза ме- пухт, омехта ном дошт. Хӯрандагон ва талабгорони вай кам набуданд. Бегоҳӣ кӯза ба даст харидорони вай ба гӯлах неомаданд. Боз чунин маврид кай мерасаду кӣ маро ба хӯрдани омехта даъват менамояд.

— Хайр, рафтем, рафиқ Аминзода, — гуфтаму ӯ бо- шад дудила меистод. — Як бор мазаи омехтаро ҳам ча- шида бинем, чӣ бадӣ дорад?

Аминзода чизе нагуфта ба роҳ даромад. Хаскаш, ки дар хилагарӣ, доғулӣ ва мӯлтониро ба як нӯл зада ме- гурезонд, ба пеш даромада, аз як дарҷа моро ба саҳни пушти ҳаммом гузаронд. Дар гирди як бех ниҳоли бед чанд тӯб хино, райҳон шинонда ва дар он ҷо як кат- чаи шалақ гузошта шуда буд. Мо ба катчаи ғичирросӣ аз ду тараф нишаста, пойҳоямонро тиркак кардем, ки шикаста ба як тараф афтада наравад. Аз шохи дарахт кӯзачаи аз гулуяш ресмон баста овехташуда ва аз чӯй шишаи арақро гирифта оварда, ба рӯи рӯмоле ки ба ҷои дастархон паҳн карда шуд, гузошта, хаскаш оҳ кашид.

— Зан эътироз карда рафт, махсумҷон. Ҳавлӣ ҳавас карда монд. Қасам ба арвоҳи падаратон, махсумҷон, як нафас нишаста наметавонам. Аз баҳри корҳои дигар баромадам, — корҳои дигари ӯ бедона ва шоҳмотбозӣ буд, — хаскаши ҳамин ҳаммом шудам. Як ҷуволу як хар дастмоя. Ҳасрӯбаҳои кӯчаро рӯфта мебиёрам. Яктои ин омехтаро аз гӯлахи мехарам, — ӯ аз гулӯи кӯза гирифта, дами гармро ба коса холӣ кард. — Коса якто. Айб намекунед, махсумҷон. Оши хунук. Навбаташ қатӣ хӯр-хӯр хӯрдан мегирем. — Баъд даҳони шишаро кушода, бо эҳтиёт ба худ май кашиду хайр ба саломатии шумо, махсумҷон, ба саломатии устозода. Ман дадаи шуморо мешиносам, — такрор намуд ӯ, тарҳи рӯяшро тағйир надода, аракро мисли об нӯшид. Аминзодаро медидам, ки ба ҷои вай рӯи худро бурма карда, ба тарафи дигар тофт. Хаскаш пиёлаи дуюумро ба Аминзода дод. — Як гап гӯям, хафа намешавед, махсумҷон? Дадои раҳматиам аз ман ҳеҷ набарояд, имоми ягон масҷиди мағок мебаромадагист гуфта, ба ҷону холам намонда, ба мадраса ба пеши падари раҳматии шумо бурд. Он кас, Мулло

пешина
аз 447
навбатӣ