Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
-- Ба мо даҳ ҷуфт кафш даркор, писари нағз, — гӯён мад кашид ӯ.
— Зеҳн монда медӯзед. Нӯҳ ҷуфташ чармдастаку як ҷуфт заифонааш гулчиндор. Ман ченчӯби ҳамаашро овардам, — ӯ аз даруни остини ҷома даҳ навдаи ба андозаи пойҳо буридашударо бароварду аз байнашон як навдаи нисбатан кӯтоҳро ёфта илова намуд: — Барои гум нашуданаш кома кардам. Падаратон биёянд, гӯед, ки Муллоҳидоятхонтӯраи олқоронӣ омада буданд. Он кас албатта медонанд. Кафшҳо ба мо баъди даҳ рӯз даркор мешаванд.
Ман ба ӯ гуфтам, ки соҳибони кафшҳои мардона як сари кадам омада пойҳояшонро чен кунонда раванд, хуб мешуд. Тӯра хандид.
— Аз қадимулайём, писари нағз, бе ченчӯб кафшу маҳсӣ фармудаю пӯшида ягон бор пушаймон нашудаем. Гап дар зиппию часпонӣ не. Бадоштию зебой. Аз гуфти одамҳо шумо ҳам бадошту хушрӯ медӯзеду ҳам арзон мефурӯшед. Аммо, писари нағз, шумо гумон накунед, ки аз дигарҳо кам медода бошем. Не. Андак закалот ҳам монда меравам.
Тӯра тақрибан нисфи пули кафшҳоро доду маҳкаму зебо шудани онҳоро зинҳоркунон хайру хуш намуд. Баъди рафтани вай падарам омад. Омаданашро гуфтам. Пулро ба наздаш гузоштам.
— Тӯраро дар роҳ дидам, — гуфт падар пулро шумораравон. — Модоме ки қабул кардай, ман ҳам ваъда кардам, ҳамаи корҳои дигарамонро монда муҳими вайро баровардан даркор. Тӯра аз даҳонкалонҳои шаҳр.
Тӯраи дигаре аз маҳаллаи худамон, ки тӯра ном дошта бошад ҳам, муридхӯрӣ неву муфтигӣ мекард, ки писарчаи ба замин занед, ба осмон ҷаҳанда, шӯху як-раве дошт, ки рӯзе набуд ба дӯконхонаи мо чандин бор наояд. Ба ину он расидаю даст кофта, ба дӯгу пӯписаҳо эътиное надода, охир ба зӯрӣ мерафт. Вале баъди ду-се соат боз меомад. Шӯхию якравиро аз нав сар мекард. Дигар фарзандони тӯра ҳар вақт, ки ӯро аз кӯча наёбанд, аз дӯкони мо меёфтанду зада-зада мебурданд. Вай нафақат ба асбобу анҷомҳои дӯзандагӣ мерасид, моро инчунин ба гап ҳам мегирифт. Чунончӣ, косаи ширешро гирифта аз ман «ин чӣ» — гӯён мепурсид. Ширеш гӯям, не, атола ва агар атола гӯям не, ширеш мегуфт. Мумро мегирифту «ин сақич-мӣ?» —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё