Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарв ва дар паси мазор кӯкнорхонае — Таҳти Чинор. Тути Калон, ки бино ба гуфти муаррихон, қариб ҳазорсола аст, ҳоло вуҷуд дорад. Шохаҳои нави ин тути бузург ҳанӯз ҳам ба кирмакдорон барг медиҳад. Вале чинори бузургро солҳои ҷанг, шоҳтутро баъдтар афтондаанд. Киҳо, барои чӣ ин дарахтонро афтониданд, намедонанд. Сарвро бошад, на фақат одамони синну соли ман, балки кӯҳансолтарҳо ҳам надидаанд. Гуфтан лозим аст, ки як навъ арчаеро, ки сарвмонанду аст, дар Хуҷанд савр меномиданд. Чунончи, арчаи бузурги зиёда аз ҳаштсадсолаи қабристони Ҳазрати Бобо ва арчаи тақрибан дар кунҷи хонаи панҷошӯенаи рақами панҷоҳу сейӯми кӯчаи Ленин бударо низ савр ва он ҷоро маҳаллаи Таҳти Сарв меномиданд.

Аз кӯчаи Масҷиди Сарв, ки ба дарвозаи ҳаштӯми қалъаи шаҳр, дарвозаи Уротеппа ном дошта ҳам мебарад, чандин кӯчаҳои дарозу кӯтоҳ ба шимол ва ҷануб шурӯъ шуда мерафтанд. Яке аз онҳо Пахтакаш ном дошт. Дар ин кӯча дар ҳавлии нимхароба модар ва чор писари ӯ умри фақирона ба сар мебурданд. Писари аз ҳама хурдӣ панҷсола аз падар ятим монд, ки номи ӯ Пӯлод буд.

Пӯлод чунон, ки Бобоҳоҷаи саҳҳоф мегуфт, дучори хоҷайнони золим ва саркорони сангдили онҳо мешуд. Аз ин рӯ, дар давоми ҳашт сол қарорӣ ва чорьяккори се бой шуд, ки дар Ғозиён, Седаста, Чорсу ном мавзеъҳои саҳрои Хуҷанд замин ва ҳамчун Пӯлод қарорӣ, чорьяккорони шӯрбахти бисёре доштанд. Хабари вожгуни тоҷу тахти подшоҳро Пӯлод ҳаждаҳсола буд, ки шунид. Баъд мегуфтанд, ки ҳукумат ба дасти коргару деҳқон гузашт. Заводу фабрика аз коргар будаасту замин аз деҳқон. Вале бойҳо ҳанӯз гӯё пинаки худро вайрон намекарданд. Дуруст аст, ки чанд бор анборҳои пинҳонии онҳоро ёфта, ғаллаҳои ба пӯсонидан наздик овардаашонро рабуда, ба ихтиёри чӣ гуна комиссияҳо медоданд, ки дар маҳалла дегҳои калони маъракаро гузошта, дамигарм пазонда, ба мардуми гурусна мехӯронданд ва ин ҳам аз ёди Пӯлод намеравад, ки боре Мирраҷаббой ба қантарбуз 1 монда пули калоне дода халос шудӣ, саркорон мегуфтанд, ки бечора бой дар ғами як халта пуле, ки аз вай кашида гирифтаанд, дандон-

1 Қантарбуз — контрибуция.

пешина
аз 447
навбатӣ