Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

чиз ҳам рӯгарму аммо барра, ба хаёли ман, аз ҳама гармтар. Ин барра бошад аҷоиб хушрӯ будааст. Пешоникашқа. Дар чор пояш латтаи сафед бастагӣ барин сафед ҳаст. Қудратнамоии табиат!
Баргашта ба қароргоҳ омадем. Дар ду табақи калони чӯбин ширбиринҷ оварданд. Ман медонам, ки Ҳоҷӣ Содиқ ин таомро дӯст намедорад. Як бор гирифта ба даҳон андохта, ба таъриф даромадам:
— Ширбиринҷ хӯрда ин хел бомаззаашро надида будам. Қани эшони Ҳоҷӣ, меҳрубон шавед.
Ҳоҷӣ Содиқ чизеро баҳона карда, хеста рафтагӣ буд, аз китфаш гирифта, шинонида хоҳиш кардам, ки як бор гирад. Ӯ як ҷумча гирифту ба даҳон андохт ва хоиду фурӯ дода, дурусттар нишаста гирифта, то охираш тановул кард.
— Ман номаъқул карда ширбиринҷ намехӯрдаам.
Ин таоми бомазза будаасту, — гуфт ӯ аз хӯи пешинай худ пушаймон шуда.
— Орди гандум ҳар ҷою пазанда ҷо-ҷо, — гуфт Бобокалонов. — Пазандааш ҳам ҳунарманд.
— Лекин ин гандум дар ҳама ҷо не, — гуфтам ман. — Обаш аз шир шудаасту шири гӯсфандоне ки алафи моҳи майро хӯрдаанд.
— Ин гапатон ҳам дуруст, — тасдиқ намуд Бобокалонов ва ногоҳ чашмаш ба мӯзаи як нафар чӯпон афтод, ки ҳарчанд дар зери худ пинҳон карда бошад ҳам, нӯки пой аз даруни он пойтоба намуда меистод.
— Дигар мӯзаатон нест? — пурсид Бобокалонов.
— Не, — гуфт чӯпон ва ба мудири ферма нигоҳ карда монд. Раиси рамузфаҳм маънии нигоҳро зуд донист.
— Ба мудир гуфта будеду навашро наовард? Қани, рафиқ мудир, ҳамин мӯзаатонро кашида ба вай диҳед.
Мудири ферма зуд ҳар ду мӯзаро аз по берун намуду пойтобаҳоро ба рӯяш гузошт.
— Иӯге... Кӯйинг, раис, ундай қилманг, — ба тавалло даромад чӯпон, ки бағоят шарм дошт.
— Не, гуфтам тамомом, — ҳукм намуд Бобокалонов, — Шумо ана ҳамин мӯзаи ин касро пӯшида мераведу аз анборамон мӯзаи нав оварда ба ӯ медиҳед. Агар хоҳед, ки мӯзаи фасонатон нобуд нашавад, аз фардо дер намемонед.
— Хуб, раис. Хуб гуфтам-ку, — мудири ферма аз ҷой бархоста, мӯзаи чӯпонро ҳарчанд ӯ нахоҳад ҳам,

пешина
аз 447
навбатӣ