Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
овози падарамро шунидам, ки аз модарам мепурсид:
— Шайтондухтар, Хайрӣ ба хонаи мо бисёр мебиёяд-мӣ? мегӯям?
— Чӣ кор кард? Парерӯз калобаҷӯбатонро диҳед гуфта омада буд, — ҷавоб дод модарам.
— Боз элак баҳонаю дидор ғанимат набошад? Писарат дар куҷо буд?
— Дар дӯкон.
— Ин шайтони чашму рӯяш беҷо писарамонро ҳушёр карда намонад, мегӯям.
— Як гапҳоро мегӯед, ки! — хандид модарам. — Ду сол зиёд шуд, ки Хайрӣ аз писаратон мегурезад. Сонӣ охир писаратон ёшу...
— Гурехтану рӯй паноҳ кардани вай, ба гумонам, барои ману ту. Ба пеши писарат бепбою истиҳола меомадагӣ барин.
— Духтари як мусулмонро беҳуда бадном накунед.
— Ту мегӯӣ-дия. Дирӯз дар дами дар ҳардуяшро дида мондам.
— Хайр, чӣ кор кардааст? Тӯппӣ мебиёрад, ки писаратон қалам кашида диҳад. Вай ҳам ҳар рӯз нею... Сонӣ наход, ки... Ё ин дафъа биёяд, гӯям ки...
— Сахт нарас, — падар гӯё аз гуфтааш пушаймон шуд. — Як кас, ним кас шунида монад, ба қавли худат, беҳуда бадном нашавад. Аммо гӯй, ки ба пеши писарат бе ту наравад.
— Ман дар хонаю аз куҷо донам, ки вай...
Дар ин асно аз гуломгардиши ҳавлӣ аммаам Бибӣ Ӯғул намоён шуд ва овози ӯро шунида падару модар гуфтугӯи худро қатъ намуданду ба истиқболаш тохтанд.
«Эй соддаҳо! — хитоб намудам дар дил ба падару модар, — шумо аз куҷо донед, ки маро ба ин ҳол Хайрӣ не, ояҷаи Ҳарина, духтари Ҳидоятхонтӯра мубтало кардааст!».
Гурги даҳонолудаю Юсуфпадарида — Хайрини бечора дар ин ҷо гуноҳе надошт. Гуноҳи ӯ шӯхию шаттоҳӣ буду бас. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, аз сайидҳо барояш талабгоре ёфт намешуд. Падараш ки «хуни покизаро олудан намехост», хостгорони халқияро гардонида мефиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё