Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба лаби дастархон монд. — Дар китобҳо, яъне роману ҳикояҳо аксар вақт кӯҳнапарастиро ба кӯҳансолон мечаспонанд. Ҳамин тавр не?
Қариб гуфта будам:
«Ҳо бале, Тӯра, яъне падари зани шумо барин».
Аммо худдорӣ намудам. Аз фикрам гузашт, ки Нурмуҳаммад дар калонсолӣ дар курси махви бесаводӣ хонда, саводнок шуд. Дар вақти муаллим буданам ҳар роман ва ҳикояи аҷиберо аз ҳар нависанда ки мехондам, ба ӯ медодам, ё худи ӯ пурсида омада мегирифт.
— Аммо падару модар, ҳатто бобою модаркалони келин нею тағояш одами сағати гапнодаро баромад.
Қошки гӯям, ки одами кӯҳнаю гиребонашро аз дасти расму русуми бемаънӣ халос карда наметавонад. Не, нону оши замонро хӯрда, садқаи мактаб шавад, аз гуфташ, кадом институтро тамом кардагӣ. Дар кадом як база молшинос будааст. Ана ҳамон кас мегуфтаанд: «Ман намемонам, ки хоҳарзодаамро тӯи сурх гуфта, ба миёнаи багонаю бегонаҳо бароварда шинонанд»... Як ду-се одам рафта, охир ин кор айб мешавад. Домоду арӯс одамони ин замона. Ҳатто аъзои комсомол гӯянд, саҳл монда буд, ки бачаҳоро фотиҳаҷудо кунад.
Қам монда буд, ки шӯхикунон боз бигӯям:
«Охир таҷрибаи падарро ба кор бурда, чаро писаратон арӯсро гирифта намегурезад?»
Аз афти кор, дар лабам табассумро дида, Нурмуҳаммади зирак аз хаёлам огоҳ шуд, ки гуфт:
— Ба назарам, фикр карда истодаед, ки писараш чаро падараш барин заншавандаашро гирифта гурехта, нодарбаробару кӯҳнапарастонро доғ намекунад?
Нашавад, чаро ҳамин тавр накунад? Лекин аввал як бор дидану аз пеши онҳо гузаштан даркор. Бинобар ин, аз ҳамин ҷо баромада ба автобус савор шуда, рост ба база меравам. Агар билфарз пӯла буду шӯла буд гӯяд, аз гиребонаш гирифта ба горкоми партия мебиёрам,— Нурмуҳаммад хандид.— Ҳа, аъзои партия будааст. Хайр, акпун ба ман ҷавоб диҳед. Ин омаданам ҳисоб не, ягон бор батаъий омада, паловатонро хӯрда меравам.
Ошноямро то кӯчаи калон бароварда, гуселондам.
Ваъда кардам, ки албатта ба тӯяш равам, ҳам ба хотири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё