Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Аз ин тарафаш хотирҷамъ бошед, амак, — тасаллӣ дод духтар.— Дар духтарӣ, ман ҳам духтарам. Аз шаҳр омадам. Ҳимоятгару бонни мо худи рафиқ Ленин, ҳукумати шӯро, аскарҳо, фаъолони қишлок. Дар мактаб духтаратон танҳо намехонад. Шумораи онҳо бо духтари шумо ба чордаҳ нафар мерасад. Розӣ шавед.
Истадҷон барин анча хондагӣ духтаро кам. Се моҳ мехонаду дидед, ки муаллима шудааст.

— Надонам, духтарҷони нағз,— гуфт модар таваллоомезона.— Гапи шуморо ба замин монданам намеяд, аммо замона алғав далғав. Сонӣ мегӯянд, ки...

— Чӣ мегӯянд, хола?

— Мегӯянд, ки ба мактаб рафтан баъд, бефаранҷӣ мешаваду...

— Ҳеҷ кас фаранҷӣ парто гуфта, зӯрӣ намекунад,— гапро гирифт духтари ситорагарм.— Бо фаранҷӣ рафта омадан мегирад. Нахоҳад, баъди муаллима шудан ҳам фаранҷиашро намепартояд.

— Сонӣ, намедонам, рост ё дурӯғ мегӯянд, ки,—
модар истиҳола карда хомӯш монд.

— Муллоҳои беамалу боёпи бӯҳтонгарро, ки мегӯед, ҷиҳо намебофанд! — гуфт духтар.— Онҳо намехоҳанд, ки мардум босаводу доно шаванд, ҳаққу ҳуқуқи худашонро шинохта гиранд. Фириб додани омӣ осонтар аст. Барои ҳамин ҳам рафиқ Ленин мегӯяд, ки хонед, хонед, боз хонед.

Духтари хуштакаллум чунон далелҳо барои суханаш меёфт ва чандон тарғиби боварибахш ва батаъсир мекард, ки падару модар ғайр аз «надонем, оқибаташ ба хайр бошад шуд, мардум айб намекарда бошандмӣ?» дигар сухан ба радди хоҳиши духтар намеёфтанд.
Дар ҳамин асно ба сарҳои худ лаганҳои калон-калони дастархонпеч гузошта, аз дари кӯча даромадани ду зани фаранҷидор, ки Бобомаъруфро дида чашмбандҳои боло бардоштаашонро боз аз нав партофтанд, дар дами дар истода монданд, давоми сӯҳбатро қатъ намуд. Модари Истад ояндагонро аз афти кор шинохт, ки авзояш тамоман тағйир ёфт.

Вой манакак намурам дадош, — рӯй ба шавҳар овард ӯ.— Инҳо аз ҷониби Ҳайдари чувоз омаданд.
Духтарам, ту ба ҳавлии ҳамсоя гузар.— Ӯ баъд хиҷолатомезона ба муаллима нигарист.— Намедонам ба

пешина
аз 447
навбатӣ