Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

одамҳо чӣ бало задагӣ. Ба остонаи духтари бақад нарасида ҳам пой мондан мегиранд.

— Илоҷаш бошад, аз худи дами дар гардон. Гӯй, ки ба писари безории вай ман гуноҳамро ҳам намедиҳам. Гап ҳам яктаю худо ҳам якта,— гуфт Бобомаъруф аз ғазаб базӯр худро дошта.

Духтар-муаллима ба маънии гапҳо рафт ва чашм ба чашмони фаттони Истад дӯхту аз ашк дур шудани онҳоро дида, ба шӯр омада бошад ҳам, худдорӣ намуда фармуд:

— Рав, ту ба ҳавлии ҳамсоя гузар. Ҷавоби инҳоро худам медиҳам.

Истад ба тарафи занон нигоҳе накарда, аз рахна гузашт. Бобомаъруф ба пешгоҳи майдон рафт. Зани ӯ бо дили нахоҳаму гардани кашола ба истиқболи хостгорон омад.

Ду нафар хостгор, яке зани миёнсоли сурхинарӯй, ки аз болои дурра ба сар уребчаи истамбулӣ баста, ду гӯшаи онро ба ду китф партофта буд ва дигаре ҷавонзани гармирӯй камзӯли навбаромада пӯшида, ки ҳалқаҳои тилло дар гӯш, шаддаи марҷон дар гулӯ дошт, хеле сатанг менамуданд. Онҳо аз болои кӯрпачаҳо гузашта нишастанд. Зани миёнсол даст ба дуо бардошт.

— Тӯй болои тӯй шавад. Лаълу гавҳароямон ба муроду мақсадашон расанд. Облоҳу акбар.

Модари Истад, ки дар вақти дуо дар поёни суфа диккак менишаст, сардакак даст ба рӯй кашида хушомадед гуфту ба сари оташдон рафт. Зани миёнсол, ки муаллимаро чун шиноси наздик ба канор кашида буд, боз чашмони ҷодугарона ба вай дӯхт.

— Пурсидан айб не, гардам. Шимо аз куҷою ба инҳо кӣ мешавед?

— Ман аз шаҳр. Аз женотдел,— зуд ҷавоб дод муаллима.

Ранг аз рӯи ҳар ду хостгор парида, ҳар ду маънидорона ба якдигар нигоҳ карданд. Чашмон намоён буданд, ки мегуфтанд: «Аҷаб вақт ёфта ба хостгорӣ омадему ба касе рӯ ба рӯ шудем, ки гурехтан аз вай маслиҳат аст».

— Дар Қистакӯзи шумо ду-се духтари ҷавонро ба зӯрӣ, қалин гирифта ба шавҳар додани шудаанду шӯрои ҷамоататон ба мо хабар дод. Панҷ кас омадем, ки

пешина
аз 447
навбатӣ