Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ба мактабравиат ману очаат розӣ шудем, — башорат дод падар ба духтар. — Аз пагоҳ ҳар рӯз худам ба мактаб бурда мемонаму ҳамроҳ гирифта меоям. Аммо отунҷон, — илтиҷо кард ӯ ба муаллима. — Меҳрубониро ба ҳамин духтари мо арзонӣ мекунеду аз таҳти дил ёд медиҳед. Зеҳнаш тоза. Як ғайрат кунад, бо меҳрубонии шумову худо мулло шуда гирад, барои мо бас. Муаллима шудан дар ин замони нотинҷ он қадар осон не. Мо одамҳои омӣ. Аз дунё бехабар, айб намекунед. Аз як кас бошад, гапи дигар буд. Аз чанд кас шунидам, ки мактаби шӯроӣ гӯё бачагонро бе дину диёнат мекарда бошад.

— Дарвозаи шаҳр метавон баст, бадро натавон, вале даҳон баст, — гуфтаанд, — ҷавоби фаврӣ дод муаллимаи ҳозирҷавоб. — Дӯст панд медиҳаду душман фанд. Хондану доно шудани мардум ба онҳо маъқул не. Раҳмат ба ҳардуи шумо. Гапамро ба замин намондеду як умр миннатдор кардед.

— Шумо, ки аз хостгорони нохонда моро халос кардед, аз гапатон набаромадем-дия, гардам, — миннатдорӣ намуд очаи Истад. — Духтарамон ҳолӣ хурд гуфта, аз онҳо халос мешудем-мӣ? Падару писар ҳар ду безории таппа-тайёру аксум шуда монанд, чӣ мекардем?

— Падараш гургу писараш гургбача, — гап газонд Бобомаъруф. — Албатта эҳтиёт даркор.

Бо ҳамин, муаллима хайру бод гуфта хушҳолона рафт, вале ноумед шуда баргаштани хостгорон ва хабари ба мактаби советӣ рафтани Истад, ҳам гургу ҳам гургзодаро кам монда буд, ки девонаи кӯчадав карда монанд.

— Ҳолӣ вай тушбераро хом шумурдааст, — дод зад гург.

— Бо собуни мо ҷомашӯӣ накардааст, — гуфт гургзода. — Агар шумо розӣ бошед, дадо, сари роҳашро поида истаму мӯсафеди беимонро оҳиста сар занам, партоям.

— Сабук нашав, ҷони дадош, — гуфт гург, — пушту паҳлӯи ин хел корро дида баромадан даркор.

Ба ҳамин тариқ чанд гоҳ падару писар ба андешаи пушту паҳлӯи чунин кор банд буданд, ки рӯзе Худойбердӣ ҷӯрабошӣ дастгири онҳо шуда омад.

— Ассалому алайкум Ҳайдарако, сиҳат-саломат

пешина
аз 447
навбатӣ