Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
тафтиш кунему гунаҳкорони поймолкунандаи ҳуқуқи духтаронро ба ҷавобгарӣ кашем.
Сухани муаллима ҳисоби хостгоронро халтатар кард.
Ранг аз рӯяшон зиёдтар парид. Ҷавонзанро бошад,
арақ пахш намуду вай рӯяшро бо остин пок кардан гирифт ва сурмаҳои ба чашм кашидаашро ба рӯй молида турфа хандаовар шуд.
— Мо аз тӯй меомадему дар сари роҳ очаи Истадҷонро дида равем гуфта даромадем, — баҳона ёфт зани миёнсол. — Ман он кас қатӣ дугораи ҷамолакӣ. Дам ғанимат гуфтаанд, гардам.
— Ҳа, ҳамин тавр, — туфшашро фурӯ дода сухани ҳамроҳашро тасдиқ карду ҷавонзан ва ногоҳ чашмаш ба нӯги остини сурмаолуд афтиду бо ин тарафи остин рӯяшро сахттар пок кард.
— Ин тавр бошад, гапи дигар, — табассум кард муаллима. — Ман дар саратон лагандҳои калони боркашро дида, хостгор гумон кардаам. Модом, ки дар Қистакӯзи шумо духтаракони лӯхтаку ҳаппакбозӣ карда шиштагиро ба шавҳар додан расм шуда бошад, чаро барои Истадой хостгор наояд?
Муаллима хандаи базеби нуҳуфтае карда, дами
хостгоронро ба дарунашон афтонд.
— Не, гардам, — сар ба рад ҷунбонд зани миёнсол бо овози дигари ларзон. — Одати мо, занҳо ҳамин, ки ба як дар меравем гуфта мебароему ба даҳ дар сар мехалем. Ҳой дугона, куҷо рафтед? Дастархон гуфта овора шуда нагардед. Як шуморо бинем гуфта будем.
Омин кунед, хезем.
Онҳо ҳанӯз аз дар набаромада Бобомаъруфи гирифт кардагӣ омад.
— Чӣ ҷавоб додӣ, ки ин қадар тез рафтанд?
— Аз рӯи муаллима гардам, мушкиламро осон карданд, — зан суханҳои гуфташударо ба шавҳараш нақл карда муаллимаро бӯсид. — Илоҳӣ ба ҳар муроду мақсадатон расед. Шумо як зуманда ҳамон қадар гапро чӣ хел хаёл карда ёфтед?
— Духтарам, барои ҳамин некиатон ба гапи шумо розӣ мешавам, — гуфт Бобомаъруф. — Мон, ки духтарамон ба мактаби муаллима равад. Худам ҳамроҳ бурда мебиёрам. Истад, ту дар куҷо?
Истад аз тез баромада рафтани хостгорон ҳам хурсанду ҳам хавотир омада дар паҳлуи модараш нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор