Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯдаки гаҳвора гиряашро бас мекунад. Писарро ба пеши вай мефиристонед. Ду-се рӯз хизмати он касро кунад, йигитҳояшон як духтари боғбон он тараф истад, даҳто очааш муччи накардагиашро бузи бузкашӣ барин ба қоши зин гирифта, ба бағали писаратон бурда мепартоянду ҷазои бадонро ҳам медиҳанд.
— Меравам. Қӯрбошӣ дар куҷо? Аспамон ҳаст, милтиқ диҳанд, шуд.— Қобил ба падараш рӯй овард.— Мераваму халос. Амақҷон маро худатон сар карда гирифта баред.
— Кори хайр, чӣ кунам, ба хотири ошноӣ бо падарат. Ба аспатон ҳам даст нарасон, ки ҷувозхона хоб рафта намонад. Дар ихтиёри қӯрбошӣ чӣ бисёр асп.
Аммо ту йигит даҳонатро маҳкам мекунӣ. Одами Абдулаҳад шуданатро донанд, падаратро хафа мекунанд.
Ягон баҳона мекунем. Масалан, аз дарахт афтода дасташ шикасту ба шаҳр бурдем, ё ягон баҳонаи дигар.
Шумо ба ин чӣ мегӯед. Ҳайдарако? На риштаю на тофта, аз баҳри худо ёфта, дидед, ки писар муфт зандор шудааст. Гази большевикҳо кӯтоҳ шудан баъд, як тӯй диҳед мешавад. Тубаки ҳар як йигити Абдулаҳад аз тилло шуда истодааст. Боз табъи худатон.
— Нағзаш ана ҳамин. Ман худам омада Истадро гирифта мегурезам,— гуфт Қобил қатъӣ. Ҳайдар ҳам баъди чанд васвасаю аз анбори холӣ сад ман шолӣ ваъда кардани ҷӯрабошӣ, ки йигитҳои Абдулаҳадро аз ниқорчиёну фирефташудагон зиёд мекард, розӣ шуд, ки писараш ба яғмогарони молу балои ҷони мардуми меҳнаткаш ҳамроҳ шавад.
— Духтаре, ки аз ҷанги босмачиён халос карда шуду Эшони қандалот «Қирғизбоев имшаб дуои як духтари муштипар ва дуои падару модарашро гирифт»
мегуфт, ҳамин Истадино буд, ки босмачиён гирифта гурехтаӣ буданд,— гуфт Ислом Бобоев.
— Хӯш, баъд? Истадоятон чӣ шуд? Хонданро чӣ кард? Оё ӯ зиндаву саломат аст? — пурсидам.
— Бо маслиҳати Қирғизбоев духтарро ба Хуҷанд гурезонданд. Ҳатто Бобомаъруф ҳам чанд моҳ аз Қистакӯз ба шаҳр рафта зиндагонӣ кард. Истад ба рабфак даромада онро тамом карда, аввал муаллима шуд.
Сонӣ ба як корманди комитети шаҳрии комсомол, шумо эҳтимол донед, ба Максудҷон Домулоҷонов расид.
Ба хаёлам, шумо Истадро ҳам дидаед, у бояд шиносед.

пешина
аз 447
навбатӣ