Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай фамилияи шавҳарашро гирифта буд. Аввал ба комбинати абрешим котиби комсомол, сонӣ агар хато накунам, дар комитети маҳаллии иттифоқи касабаи он ҷо кор кард, шавҳараш дар ҷанги Халхингол шаҳид шуд. Синни Истадой аз шаст анча гузаштагист. Дар маҳаллаи Кони сурб зиндагӣ мекунад ва нафақагиру соҳиби набераҳост.

— Боз як меҳрубонӣ кунед, рафиқ Бобоев. Дар куҷо будани Истадойро аниқ карда, ба назди вай маро баред, — хоҳиш намудам.

— Ҳеҷ қисса не. Шумо мардум нӯги риштаи ягон воқеаро, ки ёфтед, то тамоми калобаашро накушоед, хоби шабатон намебарад.

Рӯзе ба хона телефон шуд. Ман шайхча, — мегуфт аз он тарафи сим овоз, — бегоҳӣ вақт доред? Ман дар куҷо будани Домулоҷоноваро аниқ кардам. Соатҳои ҳафт агар бо мошинаатон биёед, ба хонааш мебарам. Онҳо аз он тарафи дарё хона гирифта кӯчида рафтаанд.

Офтоб ба ғуруб наздик шуда, ба оинаи Сир ранги гулобӣ дода буд. Ҳаво ҳанӯз хеле гарм бошад ҳам, чун аз пул мегузаштем, ба рӯямон як насими ҳаловатбахш зада сардурии дарнёро меовард. Дар он сӯи дарё панои бузурге пеши манзараро пинҳон ва диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард. Вай роҳи тайнамудаи халқи моро аз соати тӯппаронии таърихии «Аврора» то парвоз дар коинот ва фалакгардӣ тасвир менамуд. Дар гӯшаи он расми калони В. И. Ленин буд.

— Ин пано ҳоли ҳозир дар ҷои ҳайкали нави Ленин истодааст, мегӯянд, оё дуруст? — пурсид Бобоев.

— Бале, ҷои ҳайкали нав дар ҳамин ҷост. Бо қарори КМ КПСС барои сохтани ҳайкал конкурси умумии иттифоқӣ эълон карда шудааст, — гуфтам ман.

— Қотибамон рафиқ Рифъат Ҳоҷиев одами бағайрат баромад — гуфт Бобоев. — Ба обод кардани шаҳр нағз сардорӣ мекунад. Аз одам чӣ мемонад? Солҳо мегузаранду қариб ҳамаи иморатҳои бисёри серошёнаи соҳили рост ва ин хиёбони хушрӯйи Ленин дар вақти котиби горком будани фалонӣ сохтаву кушода шуда буд мегӯянд.

Ҳуши ман ҳоло банди мулоқот бо Истадой буд. Моро дар ошёнаи якум ба дами даре бурда Бобоев тугмаи

пешина
аз 447
навбатӣ