Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бо лои каҳдор меловидем, молхона ба хонаи мо осеб расонда буд. Аз паҳлуи тоқи меҳроби бурҷи девор аз ҳам андак канда шуд. Падарам, вақте ки боронгарӣ ба авҷ мерасид, ба ваҳм меафтод, ки девор тамоман канда шуда меафтад ва агар ин фалокат шабу ним шаб рӯй дода монад, тамоми оилаи мо ҳалок мешавад.

Шилдир-шилдири аз новаҳо фуромадани оби борон ва тук-туки чакраҳои ҳамвораи он ба тобдони шифти дуконхона падарро дар ғазаб мекард.
— Куни ин осмони сабил тӯшик шуд-мӣ! — ғурунгос мезад ӯ. — Донаҳоят пӯсад, ду шабу ду рӯз ин тараф меборад-а! Дунёро оби азоб зер мекунад-мӣ, чӣ бало! О, ин худо раҳми бандаҳои бечораашро чаро намеҳӯрад?

Муддаои табъ борону осмонро дашном дода, ба худоро талху пичингҳояшро гуфта, ногоҳ ба ёдаш шояд гуру қиёмат ва азоби дӯзах мерасид ки падар гиребон ба даст гирифта тавба мекард...
— Худоё, худованда, аз гуноҳи мани бандаи гунаҳкор гузар, ки куфру кофирӣ мекунам...

Вале баъди фурсате боз осмон ва боронро дашномҳои дастнобиринҷи наву тоза медод.
Аз кӯчаи калони аробагузар тангкӯчаи ба тарафи офтоббаро раванди мо сар мешуд, ки то ҳавлиамон дар масофаи ягои панҷсад қадам панҷ хамгашт дошт.
Вусъати кӯча аввал тақрибан се газ бошад ҳам, рафта-рафта боз борику тангтар мешуд. Хари гӯзапоя ё шибоге боркардашуда ба он дарояд, девори гоҳ ин сӯ, гоҳ он сӯро мехарошид ва метарошид. Дар вақти лойгарӣ одамон кулулаву хиштҳои деворро ба даст гирифта-гирифта роҳ мегаштанд. Аз ин рӯ, ба қадри як қадди одам ин деворҳо чунон силлику суфта буданд, ки ба қавли магас нишинад, мелаҷжид...

Бояд бигӯям, ки ба кӯчаю тангкӯчаи ин маҳалла
ҳамои он қадар дасти дурушт накофтааст. Сабаби ин
ҳамин аст, ки аҳли ҷамъияти шаҳр талаб намудаанд,
ки гузар ҳамчун намунаи камёби гузашта маҳфуз
дошта шавад. Совети шаҳрӣ дар ин бобат қарор баровардааст. Агар ин қарор то ба охир ба эътибор гирифта нашаду ягон каси худрайъ онро вайрон накунад,
бист сол ҳам намегузараду ин ҷоро музей-маҳалла
номидан мумкин мешавад. Ба ялангиҳояш аробаи Кӯканд,

пешина
аз 447
навбатӣ