Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман аз умри гузаштаам афсӯс намехӯрам,— таъкид намуд Бобоев.— Беҳуда сарф нашуд. Барои амалӣ шудани орзуи Камол барин фарзандони ҷонсӯзи халқ то аз дастам омад, меҳнат кардаму заҳмат кашидам.
Оре, дуруст мегуфт Ислом Бобоев.

XIX

Баъди Ёдгории муборизони инқилоб, аз хиёбони Ленин ба ҷониби ғарб кӯчае ба рӯятон во мешавад. Аввалин иморати боҳашамати он дар дасти рост бинои дуошӯёнаи комитети партиявӣ, Совети шаҳрӣ ва комитети комсомолии шаҳри Ленинобод мебошад, ки пештоқи баланди вайро шаш сутуни калон ба дӯш гузоштааст.

Дар кӯчаи дами дари ин бино дар чор фасли соли чӣ пагоҳон ва чӣ бегоҳон қатори машинаҳои сабукравро мебинед, ки ронандагонашон китобу газетаҳо хонда ё радио шунида менишинанд. Ба ин ҷо роҳбарони идора ва ташкилотҳо, корхонаҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳим меоянд. Масъалаю муаммое, ки дар ҷои дигар ҳаллаш душвор аст, дар ин ҷо осон мегардад. Бо арз, талаб, шикоят, машварату маслиҳат сокинони шаҳр ҳам ба ин ҷо меоянд. Ҳама медонад, ки онҳоро дар ин ҷо бо камоли дилсӯзӣ мешунаванд ва ҳоҷаташонро раво мекунанд.
Дар рӯ ба рӯи бино гулзоре ҳаст. Дар он гулҳои рангоранги садбарг аз баҳори барвақт то тангии тирамоҳ шукуфон аст. Сабзаҳои ҳамешасабз ба маҳмал мемонанд, ки дар байни гулҳои гулзор густурда шудаанд.
Дар мобайн дар пояи на он қадар баланд ҳайкали В. И. Ленин истодааст. Назари ҳар фарде ки ба ин ҷо меояду даргузар мешавад, аввал ба ҳамин ҳайкал меафтад, ки дар пояи вай ҳамвора гулчамбарҳо меистанд.
Аввалин лолаи аз кӯҳсор овардашуда, аввалин гулҳои хушобуранги дар боғу ҳавлиҳои шаҳр шукуфтаро ленинободиҳо ба пояи ҳамин ҳайкал оварда мегузоранд ва барои озодӣ, бахту саодати худ ва авлодҳояшон ба Ленин миннатдории самими изҳор мекунанд. Ифодаи ҳамин миннатдорист, ки ба шаҳри кӯҳансол, вале пайваста ҷавони худ номи Ленинро доданд ва онро мисли гаҳвораи Инқилоби Октябр Ленинград, Москва аз дилу ҷон дӯст медоранд ва барои ободию озодагии он меҳнатро дареғ намедоранд. Васияти шоири дӯстдоштаи мардуми шаҳр

пешина
аз 447
навбатӣ