Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
марҳум Муҳиддин Аминзода ҳам озода нигаҳдории шаҳр буд:
Шуд шаҳри нозанин обод Ленинобод,
Ҳусни расош дида доим дили ҳама шод.
Рухсори дилрабои ин сон арӯси зебо,
Аз доғи майдае ҳам бояд, ки бошад озод.
Чун оби Сир мусаффо бошад ҳамеша рӯяш,
Гардад димоғи кас хуш ҳар дам зи рангу бӯяш.
Гоҳо мешавад, ки аз кор ё аз маҷлисҳо ва ё аз театр баргашта, шабонгоҳ аз назди ин бино даргузар мешавам. Зану шӯи миёнсоле мутасаддии озоданигаҳдории инҷоянду аз соатҳои ёздаҳи шаб ба рӯфтарӯб сар мекунанд ва ба хаёлам, ҳамеша дар ғами онанд, ки касе ба ҳусни ин ҷо халал нарасонад. Фаррошон маро мешиносанд. Саломашон, ки додам, ба дастаи ҷорӯбҳо такякунон нафас рост мекунанд ва маро ба гап мегиранд.
— Аз кор ё аз маҷлис? — пурсид боре мард аз ман.— Аз кор? Рӯзона тамом карда натавонистед? Рафиқ Ҳоҷиев ҳам дар ҳамин ҷо.
— Он кас ҳар шаб ҳам то хеле бевақтӣ кор мекунанд,— илова намуд зан.— Баъзе вақт то дуи шаб ҳам дар ҳамин ҷо.
— Мардум шабҳо ҳам ӯро ором намегузоранд,— дилсӯзона гуфт мард,— телефон аз паси телефон. Аз кор ин одами ҷонаш аз пӯлод бевақт мераваду мегӯянд, ки боз аз пагоҳӣ барвақт дар ҳамин ҷо. Кай дам мегираду мехобад, намедонед.
Ба тирезаҳои гӯшаи ғарбии бино, ки кабинети котиби якуми комитети партиявии шаҳр дар он аст, нигоҳ кардаму чароғи фурӯзони қандилро дидам. Аз бодпарво занги телефон ва баъд овози котиб аранг-аранг ба гӯш мерасид.
Боре чун аз серкорӣ ва пуртаввишии котиб сухан мерафт, ман ба фаррошон аз ёд чанд сатри «Котиби райком»-и Мирзо Турсунзодаро хондам. Чун шеър хотима ёфт, зан пурсид:
— Ин байтро дар ҳаққи Ҳоҷиеви мо навиштаанд?
— Албатта дар ҳаққи ҳамин кас будагисту лекин ман мебудам номашонро ҳам медаровардам,— гуфт мард соддаёна.
Ҳоло чанд шаб боз Ҳоҷиев баъди корҳои, ба қавли фаррош, пуртаввиш аз рӯи дархости нашриёти «Ирфон»
дар хусуси кори партиявӣ ва таҷрибаи он рисолае менавишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор