Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Барои рисола факту рақамҳои зиёде гирд оварда шуда буданд ва акнун роқим мебоист онҳоро ба ҳамвории сатрҳо некашид. Материал чандон бисёр буд, ки китоби калоне дар асоси он навиштан мумкин аст. Вале ҳаҷми рисола аз се-чор ҷузъи чопӣ мебоист изофа набошад. Пас ҷавҳари маъни, мағзи суханро ёфтану гуфтан лозим буд.
Дар хусуси кору таҷрибаи ташкилоти партиявие, ки таърихаш бештар аз ним аср аст, сухан ронда, дар бораи шаҳри қадимае, ки бисту панҷ қарн боз вуҷуд дорад, аз анъанаҳои революционӣ ва озодихоҳии мардуми ин қитъаи диёр чизе нагуфтан мумкин нест. Муаллиф ба навиштаҷот, қайду сабтҳои маъхази бостонӣ муроҷиат менамояд.
Ленинобод муҷассамаи маданияти аҷдодони мост ва хусусияту анъанаҳои худро дорост. Дар гузаштаи ҳанӯз хеле дур вай яке аз марказҳои иқтисодӣ, маъмурӣ ва маданият буд. Таҳқиқгари бузурги ҷуғрофиёю таърихи Осиёи Миёна ва донишманди матнҳои арабӣ академик В. Бартольд дар асари худ «Туркистон дар замони тохту този муғулон» чун сухан ба сари Хуҷанд меояд, менигорад, ки вай яке аз шаҳрҳои калони Мовароуннаҳр буд. Роҳи савдои мамолики баҳри Миёназамин, Юнон, Рум, Миср, инчунин Эрон, Осиёи берунӣ, Ҳиндустон ва Чин аз ин шаҳр мегузашт ва онро роҳи абрешим меномиданд. Сайёҳ ва муаррихи араб Ёқут дар китоби «Мӯъҷам-ул-булдон» роҷеъ ба зебоӣ ва вазъи ҷуғрофии Хуҷанд менависад, ки вай «...шаҳри машҳурест дар паси дарёи Сайхун, нест шаҳре аз он покиза ва ҳосилноктар, беҳтарин фавокеҳ — меваҳо дорад. Аз мобайни шаҳр рӯде ҷорист ва кӯҳе муттасил ба он ва шоир Ибнулфакеҳ, дар васфи он суруда:
Ва лам арза балдатан биаззоа шарқиян,
Ва ло ғарбиян биафзаҳо мин Хуҷанда.
Ҳиял ғарроу тааҷҷаба ман раоҳо
Ва ҳия бил форсияти «Дилмазанда».
Тарҷимаи ин дубайтӣ чунин аст:
Надидам ман ба шарқу ғарб ҷое,
Ки он покиза бошад аз Хуҷанда.
Ба худ мафтун кунад бинандаро он,
Ба форсӣ номи некаш «Дилбаранда».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор